Categories Ахбори рӯз

Ироқ: раҳбари гуруҳи “Давлати Исломӣ” захмӣ аст

Вазири дифоъи Ироқ дар сафҳаи фесбуки худ таъйид кардааст, ки Абубакри Бағдодӣ, раҳбари гуруҳи “Давлати Исломӣ” рӯзи ҷумъаи гузашта дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавоии Амрико дар шаҳри Мусил захмӣ шудааст, аммо вазорати дифоъи Амрико мегӯяд, ки дар ин бора маълумоте надорад.

Мақомоти вазорати дохилаи Ироқ низ дар суҳбат бо хабаргузории “Осушейтедпресс” ин хабарро таъйид кардаанд. Аммо дар шуморе аз гузоришҳои дигар гуфта шудааст, ки дар ин ҳамлаи ҳавоӣ яке аз ҳамкорони наздики Абубакри Бағдодӣ кушта шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки тайи як ҳафта хабаргузориҳо дар кадом ҳолату вазъ қарор доштани Абубакри Бағдодиро бо тарзҳои гуногун нашр кардаанд, аммо то кунун таъйиди дақиқ дар робита ба ҳолати воқеии Абубакри Бағдодӣ ба даст наомадааст.

Тибқи хабаргузориҳои хориҷӣ, ахиран гуруҳи дигаре бо номи “Ансори байтулмуқаддас” дар Миср, ки муттаҳам ба анҷоми чандин ҳамла бар неруҳои мисрӣ мебошад, бо гуруҳи “Давлати Исломӣ” байъат кард.

More From Author

You May Also Like