Вазири умури хориҷаи Қазоқистон дар тозатарин изҳороти худ баён дошт, ки кишвараш мехоҳад, масъалаи Эрон бо роҳи дипломатӣ ҳалли худро пайдо кунад.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Вазири умури хориҷаи Қазоқистон дар нишасти матбуотии имрӯзаи худ эълом кард, ки кишвараш тарафдори он аст, ки масоили марбут ба Эрон бо роҳи дипломатӣ ҳалли худро пайдо намоянд.
Вай ҳамчунин хотирнишон кард, ки Теҳрон низ бояд дар ҷиҳати тақвияти эътимоди ҷомеа нисбат ба сулҳомез будани барномаи ҳастаӣ иқдомоти мушаххасеро пиёда кунад. Аржон Қозихонов гуфт, ки мо борҳо аз Эрон даъват кардем, то аз Қазоқистон, ки дар амри халъи силоҳи ҳастаӣ саҳми тахрихӣ доштааст, пайравӣ кунад. Вазири умури хориҷаи Қазоқистон бо ибрози умедворӣ изҳор дошт, ки Қазоқистон аз Эрон ҳимоят мекунад.
Ин изҳорот дар ҳоле баён мешавад, ки чанде пеш Нурсултон Назарбоев гуфта буд, ки кишварҳое ки худ дорои силоҳи ҳастаӣ ҳастанд, аз барномаи сулҳомези Эрон ибрози нишаронӣ мекунанд, ки ин амри қобили қабул нест.