Categories Uncategorized

Эъдом дар интизори муассиси “WikiLeaks”

Гумоназаниҳо дар хусуси истирдоди раиси муассисаи “WikiLeaks” ба Амрико ва эҳтимоли эъдоми вай бар асоси қавонини Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро тақвият кардааст.

Ба гузориши як хабаргузорӣ, ба нақл аз хабаргузориҳои ғарбӣ, Ҷуён Осонж, раиси муассисаи “WikiLeaks”, ки акнун дар сафорати Эквадор дар Лондон ҳузур дорад, сурати истирдод аз Шведсия ба Амрико бо хатари эъдом рӯ ба рӯ аст.

Ин дар ҳолест, ки вазири умури хориҷаи Австралия дар суханоне хостааст, ки дар сурати вуҷуди чунин хатароте аз таҳвил додани Осонж ба Амрико худдорӣ кунад ва дар Шведсия вай муҳокима шавад.

Вазири хориҷаи Австралия ба як нашрияи ин кишвар гуфтааст, ки ин масъала ба дипломатияи Австралия иртибот пайдо намекунад, балки танҳо метавон аз он ҳимояти консулӣ ба амал овард.

Вай иброз дошт, ки мо хоҳони тазминҳое аз сӯи Шведсия шудаем мабнӣ бар ин ки иқдоми саҳеҳ дар робита бо Осонж дар пеш гирифта шавад. Ин гумоназаниҳо дар ҳоле идома дорад, ки Осонж бо таваҷҷӯҳ ба дарёфти паноҳандагии дипломатӣ аз сӯи Рафаел Кувро, раисиҷумҳури Эквадор метавонад то муддати номаҳдуде дар сафоратхонаи ин кишвар дар Англия ҳузур дошта бошад.

Дар ҳамин ҳол гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ ва ҳомиёни озодии рӯзноманигорон ифшогар аз ҳомиёни Осонж дар саросари ҷаҳон ҳастанд.

More From Author

You May Also Like