Categories Uncategorized

Мавқеъи ҲНИТ-ро дар қиболи интихоботи президентӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Наҳзати Исломии Тоҷикистон тамоми талошҳои хешро ҷиҳати сабти ном шудани номзад ба мақоми президентӣ аз ҷониби ҳизб ба харҷ дод. Ахиран, мактубе ҳам ба КМИР дар ҳамин маврид ирсол дошта, таҷдиди назар кардани ин ниҳоди интихоботиро дар тасмими хеш хоҳиш кард, вале посухи онҳо манфӣ буд. Ҳамаи ин гирудорҳо фикрҳои мухталиферо дар ҷомеъа ба вуҷуд оварданд, ҳатто талошҳои ҲНИТ-ро баъзеҳо як бозии аз қабл тарҳрезишуда арзёбӣ мекунанд. Ҳоло бубинем, ки соҳибназарон дар мавриди чигунагии ширкат доштан ё надоштани ҲНИТ дар интихобот чӣ фикр доранд.

Умед Ҷайҳунӣ, интихобкунанда:

– Ба назарам, ҲНИТ ба ҷойи «мушу гурбабозӣ» бо дигар мухолифин, аз ҳамон оғоз бояд Кабириро номзад мекард ва лоақал чанд дарсад раъй мегирифт. Ин эътилофбозиҳо ҷуз ба бод додани фурсат ва замону умеди раъйдиҳандаҳо дигар натиҷае надод. Акнун, ки интихоботи президентӣ аз чанги онҳо паридааст, бояд худро ба интихоботи маҷлис омода кунанд, то шояд чанд сандалӣ ба даст оранд.

Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос:

– Роҳбарони ҲНИТ, хусусан М. Кабирӣ пас аз гирифтани охирон ҷавоби манфӣ аз КМИР оиди сабти ном нашудани номзадии Ойниҳол Бобоназарова метавонанд ором нафас кашанд ва фаъолияти «тиҷоратӣ»-и худро давом диҳанд. Чунки ба ҳайси номзади ягона пешниҳод намудани Ойниҳол Бобоназарова ва ба қайд нагирифтани он кас як нақшаи тарҳрезишудаи ҲНИТ бо мақомоти Тоҷикистон мебошад.

Акнун ҲНИТ бо аъзои худ интихоботи президентиро тамошо ва дар рӯзи интихобот ҳам иштирок карда, ҳатто боварии комил дорам, ки ба тарафдории Э.Раҳмон ҳам овоз медиҳанд. Аз ин кори ҲНИТ фақат О. Бобоназарова «кидат» шуд.

Илҳомҷон Ёқубов, масъули бахши ҷавонони шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд:

– Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон.

Бояд гуфт, интихоботҳо як имтиҳони ҷиддӣ барои расидани кишвар ба як низоми мардумсолорӣ ва озодиянд. Ин фурсати беҳтарин барои расидан ба фардои нек барои ҳар яки мо фаро расида буд. Ягон баҳонае вуҷуд надошт, ки интихобот мисли интихоботҳои гузашта ғайришаффоф ва ғайридемократӣ баргузор гардад. Вале боиси афсӯс аст, ки аз рӯзи эълони интихобот мо шоҳиди як қатор амалҳои ғайриқонунии КМИР ва мақомоти дигари давлатӣ шудем. Онҳо амалан нишон доданд, ки интихоботи феълӣ ҳам мисли дигар интихоботҳо хоҳад гузашт.

ҲНИТ тамоми талошҳояшро кард, то номзади хешро сабти ном кунад, вале муваффақ нашуд. Аз ин хотир шакли рафтани ҳизб ба интихобот фаъолона ширкат кардани он аст, бигузор, нозирони ҳизб дар тамоми участкаҳои интихоботӣ бошанд, зеро агар таҷрибаи дигаре бошад, баъдан, мо ширкати интихобкунандагонро дақиқ ҳам мекунем, ки аз 30-40% беш нахоҳад буд. Баъди шоҳид будан ба тақаллубҳои беҳудуд ҳизб метавонад ба интихобот баҳои ҳуқуқӣ диҳад. Аз ин лиҳоз, фикр мекунам, иштироки ҲНИТ дар интихобот бештар манфиатовар аст, аз оне ки онро таҳрим мекунем.

Марат Мамадшоев, хабарнигор:

– Ман танҳо як ҳарф дорам: бойкот, яъне таҳрим.

More From Author

You May Also Like