Categories Ахбори рӯз

Сироҷидин Аслов озими Британияи Кабир шуд

1 – уми июл Сироҷидин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо сафари корӣ озими Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ шудааст.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷа мегӯяд, дар доираи сафари мазкур як қатор вохӯриҳои С. Аслов бо шахсони расмии Британияи Кабир пешбинӣ шудааст.
“Зимни мулоқоту гуфтушунидҳо ҳолат ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабир мавриди баррасӣ қарор мегиранд”, меафзояд манбаъ.

More From Author

You May Also Like