Созмонҳои ҳуқуқи башар соли равон, ки тайи чанд рӯзи дигар ба анҷом мерасад, маргбортарин сол барои муҳоҷирон унвон кардаанд.
Ба гуфтаи ин созмонҳо аз соли 2000 мелодӣ ба ин тараф тақрибан 40 ҳазор муҳоҷир ҳангоми убур аз марзҳо ҷони худро аз даст додаанд. Ба гуфтаи онҳо аксари муҳоҷирон ҳангоми убур аз марзҳо ҷони худро бохтаанд.
Тибқи хабаргузориҳо, бештари афроде, ки зиндагиашонро ба хатар меандозанд шаҳрвандони Сурия ва Фаластин мебошанд. Ғайр аз ин, аксар кишварҳои ҷангзада имрӯз дар чунин ҳолат қарор доранд.
Вазъу ҳолати муҳоҷирони кории тоҷик, ки бештар ба Русия барои пайдо намудани кору фаъолият сафар мекунанд, тайи хабарҳои ахир чандон хуб баҳо дода нашудааст. Аз ҷумла, дар ин рӯзҳо боздошти муҳоҷирони корӣ аз тарафи ФМС ва мақомоти дахлдори ин кишвар гувоҳ аз нооромӣ дар вазъи муҳоҷирони корӣ аст. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола як ё ду нафар ё бештар аз он бо сабабҳои гуногун ҷони худро аз даст дода, тобути онҳо ба кишвар оварда мешавад.