Categories Uncategorized

ИМА омори гурезаҳои укроинӣ ба Русияро рад мекунад

Департаменти давлатии ИМА омори СММ-ро нисбат ба гурезаҳои укроинӣ ба Русия рад мекунад.
«Эҳтимол кадом шумораи ҳазорнафарае марзро убур кардаанд, аммо гуфтани 100 ҳазор дар ин маврид нодуруст аст», гуфтааст Мари Харф, намояндаи Департаменти давлатӣ зимни тавзеҳи маълумоти СММ доир ба шумораи гурезагони Укроин ба Русия, ки гӯё 110 ҳазорро ташкил медиҳанд.
Дар ҷараёни тавзеҳи ин масъала намояндаи Департаменти давлатӣ борҳо ин оморро зери суол қарор дода, гуфтааст, маъмурияти ИМА «феълан интиқоли дастаҷамъонаи гурезаҳо аз Укроин ба Русия вуҷуд дорад»-ро қабул надорад.
Дар зимн ба имзо расидани созиш дар мавриди ҳамкории Молдову Гурҷистон ва Укроин ба Иттиҳодияи Аврупоро «ғалабаи бузург» барои ин кишварҳо арзёбӣ кардааст Мари Харф. «Ин ғалабаи бузургест барои мардуми сокини ин кишварҳо», гуфтааст ӯ.

More From Author

You May Also Like