Мактаб бо масҷид набояд қиёс шавад!

Муҳибулоҳи Қурбон

07.03.2012, 13:15


Тахминдуҳафтақаблдарякеазсомонаҳохабаренашршудабудвадарономадааст, кишумораиумумиимасоҷидба 3882 ададрасидаастушумораимактабҳофеълан 3793 ададмебошад.

Аслан, ин як хабари оддист, аммо ба дунболи пахши ин маълумот муддати як ҳафта телевизиони «К+»- и Қазоқистон дар хатти равон ин хабарро медод. Чун бо муаллиф сӯҳбат доштам, гуфт, ки Радиои «Озодӣ» ва Бӣ-Бӣ-Сӣ ҳам аз хабари ӯ истифода кардаанд.

Пас чӣ сабаб шуда, ки ин хабараки оддӣ таваҷҷӯҳи расонаҳои хориҷиро ба худ кашида, аз он иқтибос овардаанд? Оё таъкиди ин санад ва ё фарқият, ки шумораи масоҷид аз шумораи мактаб зиёд шудааст, танҳо ба хориҷиён даркор аст?

Гумон мекунам, на. Шояд барои бонги изтироб задани баъзе баҳонаталабон дар дохилу хориҷи кишвар ин хабарча дастаке гардад ва ба чопи чунин имълумот ишора карда, онҳо нигаронии худро тахмин чунин баён кунанд; бубинед, дар Тоҷикистон дин чунон рушд дорад, ки шумораи ибодатгоҳҳои мусалмонон аз шумораи макотиб зиёд шуда. Агар пеши роҳи инро нагирем, пагоҳ дер мешавад.

Аслан, ин ду; масҷид ва мактабро муқоиса кардан худ ҳадафи рӯзноманигорӣ набояд бошад, чунки моҳияту рисолати масҷидро васеътар гирем, он ҳам мисли мактаб таълиму тарбия мебошад.

Аммо аз ҷиҳати шумора ва андоза муқоиса кардани ибодатгоҳу мадраса тамоман қобили қабул нест. Муаллиф менависад, ки шумораи масҷид афзудааст, аммо як бор фикр накард, ки зери шумораи 3882 ибодатгоҳ кадом масҷид дар назар дошта шудааст ва мебояд шарҳ медод, ки аз ин адад тахмин 400 ва ё андак зиёдтараш масҷиди ҷумъахонӣ асту боқӣ зиёда аз 3400 ин масҷиди панҷвақта мебошад. Агар ба ҳар як масҷиди ҷумъахонӣ ба ҳисоби миёна аз 500 то 2000 ибодаткунанда ояд, дар масҷиди панҷвақта асосан 50 – 100 нафар намозхон меояд. Аммо дар ҳар мактаб ба ҳисоби миёна аз 400 то 2000 шогирдон таҳсил мекунанд.

Албатта, хонандаи даррок зуд фаҳмид, ки ман чиро дар назар дорам, аммо барои онҳое, ки андак ҳазми рақамҳо мушкилтар аст, аз маҳаллаи истиқоматии худам мисол мезанам.

Дар маҳаллаи 83-ум (чи номи номувофиқест ва дар ин масъала ман ҳанӯз солҳои ҳаштодум навишта будам, ки маҳалла бояд ном дошта бошад, на рақам ва ин шумора аз дафтари меъморон, ки шаҳрро ба қисматҳо бо шумораҳо ҷудо мекунанд, омадааст)- и пойтахт ду масҷиди панҷвақта ҳаст, ки ба яке тахмин то 100 ва ба дигаре то 60 – 70 нафар намозхон меоянд ва 1 мактаб ҳаст бо тахмин 2000 толибилмон. Агар муаллиф рақамҳояшро аз маҳаллаи мо мегирифт, ӯ ҳатман чунин менавишт, дар маҳаллаи 83-ум 2 масҷид ва 1 мактаб ҳаст. Ва шахсе, ки аз ин маҳалла несту ба Ислом назари хайрхоҳона надошта бошад, албатта, нигарон мешавад, ки дар ин маҳалла шумораи масҷид аз мактаб зиёд шудааст. Аммо замоне ки шумораи хонандагони мактаб ва ибодаткунандагони масҷидро дар ин маҳалла муқоиса кунем, маълумамон мешавад, ки дар ду масҷид ҳамагӣ 150 – 170 нафар меоянду дар як мактаб тахмин 2000 шогирд таҳсил дорад.

Яъне, шумораи талаба назар ба намозхонҳо аз даҳ баробар зиёд аст. Вақте шумораи мактабу масҷидро қиёс мекунед, мебоист шумораи донишгоҳҳо, коллеҷҳо, ки дар онҳо зиёда аз сад ҳазор донишҷӯй дарс мехонад, бояд ба инобат гирифта мешуд.

Бар замми ин, агар дар мактаб аз 7 то 18 – сола таҳсил кунанд, дар масҷид аз 18 то 80 – сола саҷда мекунанд. Бинобар ин, хуб мешуд, ки шумораи мактабро таносубан бо шумораи дискотека, дӯконҳои шаробфурӯшӣ, марказҳои интернет, ки ба паст шудани ахлоқи бачаҳо «саҳм» мегузоранд, қиёс зад, на бо масҷид!

More From Author

You May Also Like