Малик Абдуллоҳ ибни Абдулазиз даргузашт

Девони подшоҳи
Саъудӣ имрӯз дар баёнияе даргузашти подшоҳи Саъудиро бомдоди рӯзи ҷумъа 23
январи соли2015 эълом кард, хабар медиҳад “Ал-арабия”. Малик Абдуллоҳ августи соли 2005 ба подшоҳии Саъудӣ
расида буд. Ӯ авохири декабри соли сипаришуда дар асари беморӣ, ба шаҳраки
пизишкии Абдулазиз дар Риёз мунтақил шуд.

Чанде қабл Бинобар
гузориши шабакаҳои иҷтимоъӣ, ки аз ҷониби сарчашмаҳои расмӣ таъйид нашуда буд,
хабари фавти шоҳи 90 солаи Арабистони Саъудӣ Абдуллоҳ ибн Абдул-Азиз Ал Саъудӣ мунташир гардида
буд.

Тавре расонаҳо
хабар дода буданд шоҳи Саъудӣ охири соли сипаригадида гирифтори бемории сил
гардида, бистарӣ шуда буд.

More From Author

You May Also Like