Шимун Перз, раисҷумҳури Исроил мегӯяд, набояд ҳеҷ созише бо Теҳрон дар ҷараёни музокироти ҳастаӣ байни Ҷумҳурии исломии Эрон ва гурӯҳи 5 + 1 сурат гирад.
Ба гузориши “presstv.ir”, раисҷумҳури Исроил дар дидор бо вазири хориҷаи Олмон дар Байтулмуқаддас бори дигар Эронро ба сохтани силоҳи ҳастаӣ муттаҳам кард ва ташдиди таҳримҳо алайҳи Ҷумҳурии исломиро пеш аз баргузории интихоботи раёсати Ҷумҳурри Эрон хостор шуд.
Шимун Перз гуфтааст, ки Эрон ба интихобот наздик мешавад ва таҳримҳо шояд бар он таъсир дошта бошад. Таҳримҳо ва фишорҳо бояд ба сурати тадриҷӣ то баргузории интихобот алайҳи Эрон идома ёбад.
Амрико, Исроил ва ҳампаймонони онҳо ҳамвора Эронро ба пайгирии аҳдофи низомӣ дар барномаи энержии ҳастаии худ муттаҳам мекунанд.
Аммо лозим ба ёдоварист, ки Эрон зимни ради ин иддаъоҳо ҳамвора таъкид кардааст, ки ба унвони яке аз имзокунандагони паймони манъи густариши таслиҳотии атомӣ ва яке аз аъзои Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ аз ҳаққи истифода аз фанноварии ҳастаӣ барои дастёбӣ ба аҳдофи сулҳомез бархӯрдор аст.