Categories Ахбори рӯз

Манъи омӯзиши фанни “Маърифати ислом” дар макотиби миёна

Вазорати маориф таълими фанни “Маърифати ислом”-ро аз барномаҳои таълимии макотиби миёна ихроҷ намудааст. Сухангӯи Вазорати маориф Ноилшо Нуралиев дар сӯҳбат бо хабаргузориҳо ин иттиллоъро тасдиқ намуда, аммо ин иқдоми Вазорати маорифро тавзеҳ надодааст. Ёдовар бояд шуд, ки омӯзиши фанни “Маърифати ислом” дар пайи ҷашни бузургдошти Имоми Аъзам сурат гирифта буд. Дар ҳоле мақомоти Вазорати маориф таълими ин фаннро манъ намуданд, ки доштани маърифати исломӣ барои толибилмон зарурати ҷомеаи навин аст. Иқдоми Вазорати маориф дар ҳолест, ки дар Русия баръакси мо амал менамоянд. Президент Д. Медведев дастур дод, ки дар макотиби миёнаи ин кишвар фанҳое таълим дода шаванд, ки маърифати диндории толибилмонро боло мебаранд. Сухангӯи Вазорати маориф гуфтааст, ки аз ин пас ба ҷойи фанни “Маърифати ислом” фанни “Таърихи халқи тоҷик” таълим дода мешавад.

More From Author

You May Also Like