Categories МУҲОҶИРАТ

Як муҳоҷири тоҷик ба қасди куштор муттаҳам шуд

Ҳикматуллоҳи Воҳидхон

28.04.2012, 18:08


Бино ба гузориши “rosbalt.ru” як муҳоҷири тоҷикро ба иттиҳоми қасди куштори рафиқаш дастгир кардаанд.

Бино ба гузориши манбаъ 27- уми апрели соли равон, муҳоҷирбачаи тоҷик дар хонаи хусусии худаш дар яке аз ҳуҷраҳои истиқоматии хусусӣ дар вилояти Ленинград бо як рафиқи 32 – солааш, ки дар наздикӣ зиндагӣ мекардааст, баъд аз нушидани нушокии сипиртӣ ба баҳс меоянд.

Дар натиҷаи ин баҳс, ӯ бо хишт ба сари рафиқаш мезанад ва баъд аз чанд зарба ӯро ба анборе ки дар ҳамон утоқ ҷойгир будааст, мепартояд. Баъд аз чанд боре, ки рафиқаш мехоҳад аз онҷо барояд, ӯ кордро гирифта ба анбор фаромада ба гардани ӯ чанд корд мезанад. Фикр мекунад ки рафиқаш мурдааст ба рахти хоб рафта хоб мекунад.

Дар вақти хоб будани тоҷик, ба ҷабрдида муяссар мешавад, ки аз онҷо барояд. Баъд аз баромадан мардуми дар наздик бударо ба ёрдам даъват мекунад, дар ниҳоят ӯ ҷони солим ба даст меорад.

Вобаста ба ин парвандаи ҷиноӣ боз шуда, он тоҷик дастгир карда шудааст.

More From Author

You May Also Like