Categories Ахбори рӯз

Садамаи автобуси ҳомили шаҳрвандони тоҷик дар Қарағанда

Садамаи автобуси ҳомили шаҳрвандони тоҷик дар Қарағанда

Дар шаҳри Қарағандаи ҷумҳурии Қазоқистон автобуси мусофирбари ҳомили 58 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба садама дучор шуд.

Дар натиҷаи бархурди автобуси мусофирбар ба мошини сабукрави Mitsubishi Galant панҷ нафар сарнишинони мошини сабукрав маҷрӯҳ гардиданд.

Ҳодиса шоми 25 декабр дар қисмати шоҳроҳи Қарағанда ва Балхаш рӯх додааст. Ронандаи автобуси SETRA аз роҳи худ баромада рӯбарӯ бо сабукрави Mitsubishi Galant бархӯрдааст.

Автобус дар хатсайри Томск-Бишкек дар ҳоли ҳаракат қарор доштааст. Аз мусофирони автобус касе осеб надида, вале панҷ нафар аз сарнишинони сабукрав захмҳои гуногун бардошта, ба беморхона мунтақил гардидаанд. Миёни осебдидагон ду нафар мактаббачаҳо ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Аз рӯи таҳқиқоти бозрасии давлати автомобилӣ, ронандаи автобус дар ин ҳодиса гунаҳкор дониста шуда, нисбати ӯ парванда боз шудааст.

More From Author

You May Also Like