Categories СИЁСАТ

Плюралисми сиёсӣ дар андешаи исломии муосир – 2

Ҳасанулбанно (1904-1949), ки худ шогирди Рашид Ризо буд, Ихвонулмуслиминро дар соли 1928 дар шаҳри Исмоилия, ки дафтари марказии ширкати канали Суэз ва фармондеҳии нерӯҳои Британия дар Миср буд, бунёд ниҳод. Иштиғоли фикрии аслии Албанно ҳушдор ба афкори умумӣ нисбат ба контроли Британия натанҳо бар Миср, балки аксари манотиқи ҷаҳони ислом дар он даврон буд. Ӯ қудратҳои ғарбиро дар мавриди «таҷзияи императории исломӣ ва нобудии давлати исломӣ ва ҳазфи он аз феҳристи давлатҳои фаъоли қудратманд» масъул медонист. Ҳадафҳои ҷунбиши ӯ он буд, ки худ ба онон ишора мекунад: аввал озодсозии мамлакатҳои исломӣ аз чанголи қудратҳои бегона ва дуввум барпоии давлати исломӣ дар ин мамлакатҳо. Сипас ин ҳаракат бо чолишҳои фаровоне рубару гардид ва рушд кард. Инъитофпазирии Ихвонулмуслимин ба ҳадде аст, ки яке аз донишмандони маъруф ва тарафдори ин ҳаракат Салим Алъавво дар бораи плюрализм таҳқиқоти фаровон намуд.

Салим Алъавво адвокати машҳури мисрӣ ва мутафаккири исломие, ки дидгоҳҳояш наздик ба Ихвонулмуслимин аст мегуяд, ки плюралисм як падидаи табиӣ аст, ки ҳеч касро тавони инкори он нест. Ӯ барои исботи ин нукта ба Қуръон руҷуъ карда ва оятҳои зиёдеро нақли қавл меоварад, ки ба ихтилоф ва танаввуъи ашё дар олами ҳастӣ, ҳамчунин тафовутҳое, ки ба иродаи Худованд бо вуҷуди ягона будани маншаи ҳамаи инсонҳо дар миёни худи онҳо ниҳода шудааст, ишора мекунанд. Нажоди одамӣ баёнгари такассур дар нажодҳо, вобастагиҳо, масъулиятҳо, барномаҳо, истеъдодҳо, қобилиятҳо ва тавонмандиҳо аст. Ӯ дар идома истидлол мекунад, ки агар касе моҳияти плюралисми инсонҳо, ҳамчунин ҳаққи мухолифат ва ихтилофи назари онҳоро бипазирад, ночор бояд плюралисм дар арсаи сиёсиро ба расмият бишносад.

Алавво дар мавриди ин, ки чаро андешаи исломӣ дар баъзе мавқеъҳо дар боби плюралисм дучори баднамоӣ ё суитафоҳум гардида, онро дар се далел мебинад. Аввал ба далели маҳдудияте аст, ки масъалаи тақлид таҳмил менамояд. Яъне қабули бечуну чарои афкор ва идеяҳои гузашта, ки барои шароит ва даврони дигаре муносиб будаанд. Далели дуввуи иборат аст аз гирифтани руйкарди гузинишӣ дар замони бозбинии таърихи ислом барои дарсомӯзиҳо ва собиқаҳо. Дар назари баъзе афрод таърих комилан равшан ва идеалистӣ аст дар ҳоле, ки баъзеи дигар онро ба гунае ноумедкунандаи торик ва берабт мебинанд. Саввумин далели ин амр набудани иҷтиҳоди дар ҳоли рушд дар дарун ва низ тавассути гурӯҳҳои тарафдори ислоҳоти ислом-меҳвар аст.

Алъавво муътақид аст давлати исломии модерн бояд бар пояи низоми бисёрҳизбӣ устувор бошад. Бо ин ҳол ӯ баёни ин нуктаро, ки ин ҳизбҳо бояд аз арзишҳои исломӣ пайравӣ намуда ва ба қонунҳо ва муқаррароти он эҳтиром бигузоранд, зарурӣ мебинад. Ба илова ӯ изофа мекунад, ки аҳзоби сиёсӣ озоданд то бар сари барномаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ки худ муносиб ташхис медиҳанд, мубориза намоянд. Ӯ хотирнишон месозад, ки ҳизбҳо илова бар контроли истибдод ва худкомагӣ ба тавсеа ва пешрафти ҷомеаҳои исломӣ кӯмак менамоянд ва озодии интихоб ва низ озодии баёнро дар даруни онҳо тақвият хоҳанд намуд. Дар назари ӯ плюралисми сиёсӣ як амри зарурӣ аст, зеро имкон надорад, ки як низоми сиёсӣ дар даврони модерн барпо шавад дар ҳоле, ки ҳаққи мухолифат, ихтилофи назар, озодии баён ва ташкили иҷтимооти мардумро инкор намояд. Ӯ ба қоидаи фиқҳие ба унвони гувоҳи сухани худ ишора мекунад ва он ин, ки «дар сурате, ки таклифе асосан ба амале вобаста бошад, худи ин амал низ ба таклиф бадал мешавад».

Имодуддин Халил аз «ваҳдат ва касрат» сухан мегӯяд ва дар пайи исботи ин нукта аст, ки ваҳдат ва касрат ду хусусияти таърихи ислом ҳастанд. Дар таҳлили ӯ ин амр аз пазириши бунёдии масъалаи касрат аз сӯи таълимоти исломӣ ба унвони хости Илоҳӣ натанҳо дар қолабҳои забон ва ранг, балки ҳамчунин дар эътиқодот, хулқу рафтор ва равишҳо сарчашма мегирад. Ӯ дар ин хусус ба ояти 48-сураи Моида ишора мекунад, ки ба равшанӣ мегуяд:

«…бар ҳар қавме шариат ва тариқае муқаррар доштем ва агр Худо мехост ҳамаро як уммат мегардонид ва лекин ин накард то шуморо ба ончӣ, ки ба шумо ато намудааст биозмояд, пас ба корҳои нек иқдом намоед».

Танаввуъ ва такассур дар андешаи Халил нақши муҳимме дорад, ба ин маънӣ, ки ба зиндагӣ пуёӣ, ҷаззобият ва сару сомон мебахшад. Гувоҳи қуръонии ӯ ояти 251-сураи Бақара аст, ки мефармояд:

«Ва агар Худованд баъзе мардумро дар муқобили баъзеи дигар барнамеангехт, фасод рӯи заминро фаро мегирифт ва лекин Худои мутаъол Худованди фазлу карам бар ҳамаи олам аст».

Тасомуҳ дар воқеъ мумкин аст ба кашмокаш кашида шавад. Аммо маъмулан инсонҳо дар ниҳоят ба заминаи муштараке мерасанд ва аксаран муваффақ мешаванд мунозиаҳои худро аз тариқи роҳҳои мусолиматомез ҳаллу фасл намоянд.

Рошид Алғанушӣ бунёнгузор ва раҳбари ҷунбиши Аннаҳзат дар Тунис, таъкид мекунад, ки вуҷуди тафовутҳо дар миёни инсонҳо баргирифта аз ирода ва хости Илоҳӣ аст. Ин тафовутҳо на ба хашм ё маҳрумсозӣ, балки тааммуқ ва такомул меанҷомад. Вуҷуди тафовут дар боварҳо, усули ахлоқӣ ё ақидаҳои сиёсӣ айнан монанди тафовут дар забонҳо ва рангҳост ва ҳазфи онҳо аз тариқи ба кор бурдани зӯрро иҷоза намедиҳад, зеро ин иқдом яке аз ҳадафҳои хилқати Илоҳиро нақз хоҳад намуд.

Дар арзёбии ӯ Худованд, ки аз инсонҳо мехоҳад танҳо Ӯро ибодат намоянд, ба онҳо ин ихтиёрро дода, ки мутафовит бошанд. Бинобар ин ҳеч мухолифате наметавонад байни плюралисм ва бовари исломии ваҳдоният ва яктопарастӣ вуҷуд дошта бошад. Ба иборати дигар иштибоҳ хоҳад буд агар фикр кунем ваҳдоният муғоир бо тафовут аст ё ин, ки бо озодии интихоб ва дар натиҷа бо демократия носозгор аст. Дар айни ягонагӣ ва ваҳдонияти Худованд, вуҷуди тафовутҳо дар миёни инсонҳо табиӣ ҳастанд. Ин тафовутҳо на истисно, балки қоида ҳастанд. Инсонҳо ба нажодҳо ва қабилаҳои мухталиф тааллуқ доранд. Онҳо ё марданд ва ё зан. Бинобар ин инсонҳо вақт ва манобеи худро аз даст хоҳанд дод дар сурате, ки дар пайи талоши беҳуда баромада ва кӯшиш намоянд иродаи Худовандро ба чолиш кашида ва тафовутҳои мавҷуд дар миёнашонро ҳазф намоянд то ба ин тариқ яксон гарданд. Ба ҷои он одамон бояд кӯшиш намоянд то ваҳдонияти Худовандро дар айни қабули тафовутҳояшон бишносанд. Онҳо бояд дар пайи кашфи ҳикмати Худованд аз тариқи шинохт ва камолбахшии якдигар бароянд.

Ғанушӣ бар он аст, ки ваҳдоният ва яктопарастӣ, ки иборат аст аз шинохт ва ибодати Худои ягона, на аз тариқи инкор, балки аз тариқи пазириши тафовут ҳосил меояд. Мафҳуми исломии ваҳдоният ба паҳнои васеъе аз гуногунӣ ва плюралисм дар даруни худи ҷомеаи исломӣ ва байни он ва ҷомеаҳои дигар, ки бо он аз дари сулҳ ворид мешаванд, иҷозаи ҳузур медиҳад. Василаҳои мавриди истифода барои тақвият ва ҳифозат аз плюралисм иборат ҳастанд аз : шӯро, гуфтугӯ, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар, пазириши ҳаққи мухолифати дигарӣ ва радди зӯр ва иҷбор. Ҷиҳод дар назари Ғанушӣ иборат аст аз роҳи ҳалли ниҳоӣ барои ҳифозат аз ҳаққи мардум дар ин, ки аз зӯр ва иҷбор дар масъалаҳои имонӣ маҳфуз бимонанд ва на онгуна, ки дар баъзе мавқеъҳо дучори суитаъбир гардида барои таҳмили дин бар онон. Бинобар ин бо таваҷҷӯҳ ба ин воқеият, ки ислом падидаи тафовутро ба унвони як падидаи ҷаҳонӣ ва табиӣ таъйид намуда, дорои таърихи ҷангҳои мазҳабӣ, маъмуриятҳои поксозии қавмӣ ё мазҳабӣ ё наслкушии фарҳангӣ набуд. Ба иборати дигар тасоҳуле(осонгирӣ-миёнаравӣ), ки ислом ба намоиш гузошта натиҷаи тасдиқ ва пазириши такассур ва гуногунӣ будааст.

Ғанушӣ таъкид мекунад, ки дар давлати исломӣ ҳеч марҷаъе ҳаққи таҳмили як дини хос ва ё ҳазфи динҳои дигарро надорад. Вазифаи низоми сиёсии ислом маҳз ин хоҳад буд, ки муроқиб бошад равобити иҷтимоӣ ва мазҳабӣ аз тариқи гуфтугӯ, шӯро ва машварат ва ҳамраъйӣ ба таносуб дарояд. Ба иборати дигар гурӯҳҳои мухталиф иҷоза доранд то афкор ва идеяҳои худро баён дошта ва барои касби ҳимояти умумӣ дар шаклҳои созмонёфта ва аз тариқи корбурди василаҳои сулҳомез мубориза намоянд. Тафовутҳои мазҳабӣ ва идеологӣ дар ин ҷаҳон аз тариқи гуфтугӯ ва фаҳми мутақобил ҳал намешвад, Худованд худ дар рӯзи қиёмат тамоми тафовутҳоро ҳал хоҳад намуд.

Таҳияи А. Хатлонӣ

More From Author

You May Also Like