Categories Uncategorized

Мардуми Озарбойҷон: “Исломҳаросиро бас кунед”

Мардуми Озарбойҷон рӯзи ҷумъа 05. 10. 2012 дар назди бинои вазорати маорифи ин кишвар дар шаҳри Боку ҷамъ омада, гирдиҳамоие барпо намуданд.

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, тазоҳуркунандагон бо сардодани шиорҳое аз қабили «Исломҳаросиро бас кунед» ва «Ислом пирӯз хоҳад шуд!» хостори аз байн бурдани мамнуъияти пӯшиши либосҳои исломӣ, аз ҷумла ҳиҷоб дар таълимгоҳҳо шуданд.

Манбаъ меафзояд, ки дар пайи ин тазоҳурот  задухурде байни тазоҳуркунандагон ва полиси кишвар ба миён омада, зиёда аз 70 нафар тазоҳуркунандагон аз ҷониби полис  боздошт шуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки бештари шаҳрвандони Озарбойҷонро мусулмонон ташкил медиҳанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама ҳукумати кишвари мазкур дар соли 2009 ба таври расмӣ пӯшидани либосҳои исломӣ, аз қабили рӯсарӣ ва ҳиҷобро барои духтарон дар мадорис манъ намуд.

More From Author

You May Also Like