Намояндаи СММ дар Сурия, ки масъули иҷрои барномаи кӯмакҳои инсонӣ ва дӯстона аст, дар баёнияе дарёфти кӯмакҳои ҷиддиро барои ҷирои барномаи худ хостор шуд.
Ба гузориши хабаргузориҳо, Ризвон Нувейсар дар ин баёния, ки ҳамзамон бо вуруди буҳрони Сурия ба саввумин сол мунташир шудааст, бори дигар бар бетарафии СММ ва талош барои ироаи кӯмакҳо ба ҳама зиёндидагон таъкид кард.
Вай ишора бар ин ки тибқи барномаи пешбинишуда, СММ дар шаш моҳи аввали соли 2013 м ба 900 миллион долллар барои иҷрои барномаи инсонии худ дар Сурия ниёз дорад, афзуд, то ин таърих танҳо 9 дарсад ин маблағ таъмин шуд, аз ин рӯ иҷрои барномаи мавриди назари СММ барои кӯмак ба зиёндидагон муҳол ба назар мерасад.