Categories Uncategorized

Мардуми тоҷик боз дорои як ҷашни бошукӯҳ мешавад

Мо бояд ҳамасола ҷашни “Меҳргон”-ро монанди Наврӯз ба таври густарда  ва бо шукӯҳу ҷалол барпо кунем.

Бино ба гузориши бахши тоҷкии расонаи хабарии Бӣ-Бӣ-сӣ ин нуктаҳоро собиқ вазири маорифи Тоҷикистон ва Ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов зимни суханронии худ дар маҳфили “Меҳри Меҳргон” дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон иброз намуд.

Инчунин Абдуҷаббор Раҳмонов афзуда, ки дар ин бора аз ҷониби раисҷумҳур низ дастур шудааст.

Маврид ба ёдоварист, рӯзи сешанбе 30-уми октябр дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба хотири ҷашни “Меҳргон” маҳфиле барпо гардид.

Бояд гуфт, ингуна дархости таҷлили ҷашнҳои бошукӯҳ ва густарда дар ҳолест, ки зиёда аз як миллион нафари аҳолии кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, қисми зиёди дигараш бо камбуди ҷойи кор мувоҷеҳ ҳастанд.

More From Author

You May Also Like