Дар вохурии раиси ҲНИТ М. Кабирӣ бо мардуми Қуштеппа яке аз сокинон иброз дошт, ки намедонам кӣ ба доди мо мерасад? Ҳамин қадар мондааст, ки бо аризаи шикоятӣ ба Панҷакент рафта ба Рӯдакӣ шикоят намоем. Ҳама ҳуҷҷатҳои мо қонунӣ аст. Ҳукумат худаш ба мо қарор ва сертификати истифодаи заминро додааст. Пас мо бояд ба куҷо равем, ки бифаҳмем ин қарори ҳукумат қонунӣ ҳаст ё не? Агар мо ба қарори ҷамоат бовар накунем, ба қарори ноҳия бовар накунем ва ба масъулине, ки ба мо ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд бовар накунем, пас ба кӣ бовар кунем ва ба куҷо муроҷиат намоем? Вақте мо бо ҳуҷҷатҳои ҳукумат хона сохтаем, пас гуноҳи мо чист? Хисорати моро кӣ ҷуброн мекунад?
Бо чунин муроҷиати мардум суҳбат оғоз гардид. Мардум бисёр бо эҳсосот ва нигаронӣ суҳбат мекарданд. Аммо раиси ҲНИТ бо шунидани шикоятҳои мардум таъкид намуданд, ки ба ин қазия бояд аз ду паҳлӯ нигоҳ карда шавад. Яке инки вақте мардум тибқи қонун амал кардаанд, пас хисорати онҳоро кӣ бояд ҷуброн кунад? Аз тарафи дигар раванди фурӯши беравияи замин бояд ба танзим дароварда шуда пеши роҳи баъзе амалҳои ғайриқонунӣ бояд гирифта шавад. Бинобарин ҳукумат ҳам бояд аз як ҷо оғоз мекард. Зеро мутаассифона заминҳои зиёде ғайриқонунӣ фурухта шуданд ва пеши роҳи ин кор бояд гирифта шавад. Аммо мо мехоҳем қазияи шумо ҳам бо хубӣ роҳи ҳалли худро пайдо кунад. Беҳтар аст ба ин мардуме, ки дигар чизе надоранд ва тамоми дороиҳои худро масраф кардаанд, ҳукумати ноҳия дар ҷои муносиб замин ҷудо намояд ва дар сохтани хонаҳояшон кумак кунад. То ҳам мардум хисорат набинанд ва ҳам ҳукумат дар амалӣ ва ҷорӣ кардани қонунҳои худ муваффақ шавад.
Шикояти дигари мардум аз он буд, ки дар ҳамин минтақа мансабдороне ҳастанд, замин гирифта хона сохтаанд, вале кассе ба хона ва замини онҳо кор надорад. Чаро ҳамаи мушкилотро ба сари мо бор мекунанд. Мо дигар тавони харидан ё сохтани хонаи диагрро надорем. Хисорати моро кӣ ҷуброн мекунад.
Мардуми ин минтақа аз намояндаи парлумони ноҳия ҷаноби Давлатзода низ хеле розӣ буданд. Вақте раиси ҲНИТ гӯфтанд, ки ҷаноби Давлатзода ҳам дар фикри шумо ҳастанд ва барои ҳалли қазияи шумо талоши зиёд мекунанд ва қарор аст фардо барои дидори шумо биёяд, оҳанги ризояти мардум моро умедвор кард. Мардум бо як овоз аз Давлатзода ташаккур мекарданд ва изҳори сипос менамуданд. Ин нишон медиҳад, ки мардум қадршиносанд ва ҳар касе барои ҳалли мушкили онҳо коре анҷом диҳад ба қадри он мерасанд.
Муҳиддин Кабирӣ дар охир таъкид карданд, ки мардум ба эҳсосот дода нашаванд ва талабҳои худро дар чорчубаи қонун идома диҳанд. Аммо ӯ ибрози умедворӣ намуд, ки ин қазия ба зудӣ ҳалли худро меёбад. Ин ҳама зиёну зарари мардум ҷуброн карда шуда, роҳи ҳалли мусолиматомези ин қазия пайдо мешавад.