Умед Сиддиқ
nahzat.tj
Ба иттилоъи Хадамоти матбуоти ВКД, рӯзи 3-юми июли соли равон ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ғайбулло Насруллоев, соли таваллудаш 1965, сокини ҷамоати деҳоти Қалъаи баланди н.Истаравшан дастгир карда шудааст, ки ӯ рӯзи 3-юми июли соли ҷорӣ тахминан соати 02:00 дақиқа дар ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омадани рашк ва ҷанҷоли оилавӣ бо табарчаи дар дасташ буда, 1-маротиба ҳамсараш Саодат Бобоҷонова, соли таваллудаш 1967-ро ба қисми паси гарданаш ва 11-маротиба келинаш Матлуба Мавлонова, соли таваллудаш 1989-ро, ки дар 32-юм ҳафтаи ҳомиладорӣ будааст ба узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа захмиҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Бояд гуфт, ки ин гуна ҳолатҳои ғайри оддӣ дар кишвар бори аввал нест, ки рух медиҳад ва сабаби ба ин гуна ҳодисаҳо рӯбарӯ шуданро ҳам соҳибназарон дар дар ҷаҳонбинии паст, нокофии маъоши ба даст омада ва ақибмонӣ аз таълимоти Ислом мебинанд.