Categories Ахбори рӯз

Марзбонони рабудашудаи тоҷик озод мешаванд?

Фармондеҳи нерӯи марзбонии Тоҷикистн таъкид кардааст, ки 4 сарбози рабудашудаи тоҷик, ки дар Афғонистон нигоҳдорӣ мешаванд, ба зудӣ озод хоҳанд шуд.

Ба гузориши “tajik.irib.ir”, ба нақл аз сайти “Независимое мнение”, генерали ин ниҳод гуфтааст, ки музокира бо рабояндагони ин 4 марзбон дар Афғоснитон аз тарафи ниҳодҳои сиёсӣ ва амниятии Тоҷикистон идома дорад, ҳамзамон интизор меравад, ки ин афрод ба зудӣ озод шаванд ва ба кишвар бозгарданд.

Вай таъкид кардааст, ки намояндагони нерӯи марзбонии Тоҷикистон бо ин 4 марзбон, ки дар Афғонистон нигоҳдорӣ мешаванд, аз тариқи телефон дар тамос ва аз вазъи онҳо огоҳ ҳастанд.

Ҳамзамон дар робита ба ин 4 марзбон гуфта шудааст, ки намояндагони Тоҷикистон дар Афғонистон бо гурӯҳе, ки онҳоро гаравгон гирифтааст дидор карда ва дар мавриди озодии онҳо ба мувофиқае расидаанд.

Бо ин тартиб, қаблан гуфта мешуд, ки гурӯҳи Толибон барои озод кардани 4 марзбон се узви худро, ки дар боздошти давлати Тоҷикистон ҳастанд талаб доранд.

Лозим ба ёдоварист, ки ин 4 марзбони тоҷик рӯзи 20 декабр соли 2014 ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар минтақаи марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон аз тарафи Толибон рабуда шудаанд.

More From Author

You May Also Like