Рашид Ғанӣ Абдулло, сиёсатшиноси тоҷик гуфт, мероси устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, хеле фарох буда, ҳамчунин фарозамона ҳам ҳаст.
Ин сиёсатшиноси тоҷик чанд вижагии устод Сайид Абдуллоҳи Нуриро мавриди баррасӣ қарор дод, ки ба қавли ӯ, ба назар гирифтани манфиати мардум, меҳри бепоён нисбат ба обу хоки хеш, боло гузоштани сулҳи Тоҷкистону мардуми он аз ҳама гуна эътиборҳо, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишвар, омодагӣ ба гузашту созиш баҳри пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, таҷрибаи фардии сарварӣ, бақои як ҳизби сиёсӣ дар мисоли ҲНИТ, ки умдатанрин нерӯи сиёсии оппозитсионии Ҳукумати Тоҷикистон аст, меросҳои наҷибе аз устоди марҳуманд.
Ҳамзамон Рашид Ғанӣ Абдулло тааммулро пеш аз амал дар сиёсат яке аз вижагиҳои хоси устод Сайдабдуллоҳи Нурӣ гуфт. «Ҳол он ки сиёсатмадороне ҳастанд, суханро мегӯянд, вале баъдан, тааммул менамоянд. Иддаи дигаре аз сиёсатмадорон бошанд , қабл аз сухан гуфтан тааммул менамояд, ки устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ маҳз аз ҳамин қабил, яъне онҳое, ки қабл аз сухан гуфтан тааммул менамоянд, буда, аз шитоб дар сиёсат канораҷӯӣ мекард », афзуд Рашид Ғанӣ Абдулло.
Categories
СИЁСАТ