Шоми 26-уми май президенти кишвар аз маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дидан намуд, ки ин маркази таълимӣ барои омодасозии мутахассисони хурди ҳайати сарбозӣ ва сержантии Қӯшунҳои сарҳадӣ пешбинӣ шуда, дар он аз рӯйи 18 ихтисос кадрҳо омӯзонда мешаванд.
Тавре аз дафтари матбуоти сардори давлат иттилоъ доданд, ба меҳмонон омодагии сарҳадбонон доир ба ташкил ва гузарондани амалиёти ошкор ва дастгирсозӣ ё безарагардонии гурӯҳи террористӣ ва ё қочоқбари сарҳадшикан намоиш дода шуд.
«Тавре аён гардид, барои ба роҳ мондани чунин машғулиятҳои амалӣ дар ин ҷо макети хатти сарҳад, ки хеле ба мавзеъҳои сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон монанд аст, сохта шудааст. Ин амалиёти таълимӣ бо ҷалби ҳайати шахсӣ, техникаю таҷҳизоти зарурӣ ва сагҳои хизматӣ ба роҳ монда шуда. Омодасозии сагҳои хизматӣ ва кинологҳо низ аз ҷумлаи ихтисосҳои ҳамин маркази таълимӣ будааст», омадааст дар манбаъ.
Ҳамзамон гуфта мешавад, барои Қӯшунҳои сарҳадӣ китобхонаи дорои фонди ғании китобҳо бо толори китобхонаи электронӣ ва осорхонаи маркази таълимӣ фароҳам оварда шудааст.