Сафари намоядаи хоси Амрико дар Покистону Афғонистон Марк Гросмен рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон сурат мегирад. Оҷонсии Азия Плюс бо такя ба сарчашмаи худ дар ҳукумати Тоҷикистон хабар дода, ки Марк Гросмен ҳини боздидаш аз Душанбе бо Президент Э.Раҳмон мулоқот менамояд. Гуфта мешавад, ки зимни вохӯрӣ масъалаи ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Афғонистон мавриди гуфтугӯи ҷонибҳо қарор мегирад.
Categories
Uncategorized