nahzat.tj
1. Наворҳо (Суханронии М. Кабирӣ, Мавзуна Чориева, Расул Боқиев, Нарзулло Латипов ва ғайра)
2. Аксҳо (129 адад акс аз мароҳили мухталифи маҳфили ҷоизасупорӣ)
3. Сабтҳои овозӣ (Суханронии М. Кабирӣ, Мавзуна Чориева, Расул Боқиев, Нарзулло Латипов ва ғайра)
Имрӯз, 24 августи 2012 соати 11:00 маҳфили супоридани ҷоизаҳо ба Мавзуна Чориева, муштзандухтари тоҷик, Расул Боқиев, гуштигири маъруфи тоҷик ва дигар варзишгароне, ки дар олимпиадаи «Лондон – 2012» ширкат варзиданд дар толори бузурги қароргоҳи ҲНИТ бо оёте аз Қуръони карим ифтитоҳ шуд.
Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ, ба Мавзуна Чориева калиди манзили дуҳуҷрагӣ ва ба Расул Боқиев калиди мошини сабукрав «Toyota Camry» ва ба дигар варзишгарон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.
Дар ин маҳфил варзишгарон, шахсиятҳои маъруф, рӯзноманигорон ва ҷамъи бузурге ах ҷавонон бо шумули Муҳиддин Кабирӣ ва раҳбарияти ҲНИТ ширкат варзиданд.
Гузориши муфассал дар ҳолати омодашавӣ буда, баъди намози ҷумъа нашр хоҳад шуд.