Хабаргузориҳо иттилоъ медиҳанд, ки Манучеҳр Муттакӣ-вазири корҳои хориҷаи Эрон зикр намуда, ки дар рӯзҳои наздик мулоқоти роҳбарони кишварҳои Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон баргузор мегардад.
Хабаргузории Форс бо такя асноди байни давлатҳо ба имзо расида, равобити кишварҳоро дар ҳоли густариш арзёбӣ намудааст. Интизор меравад, ки дар ин мулоқот масоили ҳамкориҳои байни се кишвари форсизабон аз сӯи руасои кишварҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор бигирад. Наздик шудани се кишвар ба манифати давлатҳои форсизабон аст. Аммо ҳамгиройии мустақили се давлат коршиносон борҳо таъкид намуданд, ки ба давлатҳои қудратманд хуш намеояд. Аз ин рӯ роҳбарони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистонро лозим меояд, ки бо Иттиҳоди муштараки қавӣ амалҳои хусуматомези аз сӯи дигарҳо тарҳрезӣ гаштаро, хунсо намоянд.