Categories Uncategorized

Масъалаи пойгоҳи низомии Русия ба таъхир афтод

Абдусамади Раҳмон

nahzat.tj

Имрӯз дар мулоқоти пезиденти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо муовини аввали раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шувалов як қатор масоил муҳокима гардид.

Ба иттилоъи Хадамоти матбуоти сардори давлат, дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили вобаста ба рушди минбаъдаи ҳамшарикии стратегӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ва омодагӣ ба ташрифи қарибулвуқуи Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамкории ҳарбию техникӣ, аз ҷумла муайянсозии муҳлат ва шароити будубоши пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон пас аз соли 2014 ва маҷмӯи масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ зоҳир карда шуд.

Зикр гардид, ки лоиҳаи созишнома доир ба шароити будубоши пойгоҳи низомии ФР дар Тоҷикистон пас аз соли 2014 ва як зумра санадҳои дигар доир ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, илму техника ва технология дар ҳафтаҳои наздик омода мегарданд ва зимни сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон бояд ба имзо расанд.

Дар мавриди будубоши пойгоҳи низомии Русия коршиносони тоҷик мегӯянд, ки бояд тамоми фикри мардуми Тоҷикистон, аҳзоби сиёсӣ, зиёиёну равшанфикрони тоҷик ба инобат гирифта шавад. Агар зимни бастани ин шартнома манфиатҳои миллӣ сарфи назар шавад, пас мардум бояд бифаҳманд, ки 49 соли дигар азияти ин иштибоҳро хоҳанд кашид.

More From Author

You May Also Like