Categories Ахбори рӯз

Масъалаи роҳи Чину Тоҷикистон баррасӣ шуд

Ҷиҳати ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани сифати роҳи мошингарди гузаргоҳи сарҳадии Кулма – Қаросу дар ҳамаи фаслҳои сол ва татбиқи санадҳое, ки бо мақомоти ин ноҳия ба имзо расидаанд, дар вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон ва Чжан Чунсиан, котиби кумитаи ҳизбии ноҳияи Синзян муколама сурат гирифтааст.
Дар торнамои раисҷумҳур омадааст, ин вохӯрии сардори давлат зимни бозгашти худ аз Шонгҳой, 21 майи соли равон дар шаҳри Урумчии ноҳияи Синзян – Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардидааст.
Ҳамзамон дар ин вохӯрӣ ба дурнамои робитаҳои ҳасана ва ҳусни ҳамсоягӣ ҳамият зоҳир карда шудааст.

More From Author

You May Also Like