Categories Uncategorized

Масъуд Озел: “Паёмбар (с) беҳтарини халқ аст”

Бозингари тими “Реал Мадрид” Масъуд Озел, ки аслан турктабор мебошад, дар гуфтугӯ бо яке аз хабаргузориҳо иброз доштааст, ки ӯ ҳаргиз иҷозат намедиҳад ба Паёмбар (с) иҳонат карда шавад.

Ба гузориши хабаргузории “islamstory”, Озел Масъуд филми зиддиисломӣ, ки аз тариқи филмсозони амрикоӣ ба анҷом расида буд, маҳкум кард ва онро як амалӣ нодуруст дар эҳтиром аз дини дигар баҳогузорӣ кард.

Ҳамзамон рӯзномаи “Алаҳдоф” аз гуфтугӯ бо Масъуд баён медорад, ки вай дар суҳбат бо ин рӯзнома гуфт, ки “Паёмбар (с) беҳтарини халқи Худованд аст ва мо ҳаргиз иҷозат намедиҳем, ки мавриди иҳонат қарор бигирад”.

Лозим ба ёдоварист, ки пас аз пахши бахшҳои филми зиддиисломӣ тавассути интернет бештари кишварҳо ва мусалмонҳои дунёро ба шур овардааст. Ҳамзамон тамоми мусалмонҳо, новобаста аз он ки дар кадом сатҳ қарор дорад ва ё дар куҷо кору фаъолият мекунад, филми зиддиисломиро маҳкум кардаанд.

Аз ҷумла тайи чанд рӯзи ахир мусалмонҳое, ки дар тимҳои машҳури варзишии дунё ва тимҳои бузурги аврупоӣ ҳамчун беҳтарин бозингар шинохта шудаанд, ин филмро маҳкум кардаанд.

Аз ҷумла рӯзи гузашта низ бозингари тими “Барселона” Эрик Обидол филми мазкурро маҳкум кард. Ӯ баён дошт, ки ман мусалмонам ва бо мусалмон буданам фахр мекунам. Ва касе ҳақ надорад, ки муқаддасоти дини манро иҳонат ё мавриди таҳқир қарор диҳад.

More From Author

You May Also Like