Масъуд Озил – Футболбози Қуръонхон

Абдулатифи Ҳаммод

30.03.2012, 14:51

Озил дар маҳорат мисли Зайниддин Зидан

Озил ҳамчун ситораи футбол дар ҷаҳон

Озил: футболбози қуръонхон ва пойбанд ба дин

Дастовардҳои Масъуд Озил бо тимҳои мухталиф

Дастовардҳои шахсии Озил

Озил дар маҳорат мисли Зайниддин Зидан

Масъуд Озил, футболбози дастаи «Реал Мадрид»- и Испания мусалмон буда, падару модараш аз Туркия ба Олмон ҳиҷрат карданд. М. Озил рӯзи 15.10.1988 дар шаҳри Гилиснкиршини Олмон ба дунё омада аст. Ӯ ҳамчун ниммуҳофизатгар дар дастаи Реал ва дар тими мунтахаби Олмон бозӣ мекунад. Ӯро дар тарзи бозӣ ва маҳорати олӣ бо Зайниддин Зидан, футболбози фаронсавӣ, ки асли алҷазоирӣ дорад монанд мекунанд.

Озил фаъолияти футболбозияшро дар тими «Рутвесисин», ки дар атрофи шаҳри Гилиснкиршин мебошад, оғоз намуд ва дар соли 2005 ба тими «Шалка -04» гузашт. Аммо ҳамчун футболбози бомаҳорат, ӯ ба тими «Вердер»-и Бремен ба сабаби баъзе мушкилиҳо бо тими «Шалка-04» гузашт.

Озил ҳамчун ситораи футбол дар ҷаҳон

Пас аз «Вердер», ин футболбози мусалмон бо тими шоҳонаи «Реал Мадрид» дар августи 2010 ба маблағи 15 милиён евро қарордод имзо кард ва дар ин тим ҳамчун яке аз ситораҳои футболи ҷаҳон шинохта шуд. «Реал», тими шоҳонаи Испания дар мавсиме, ки Озил аввалин бор дар он ширкат варзид, барандаи кубоки президентии Испания гашт ва ҳарифи азалии хеш «Барселона»- ро дар бозии ниҳоӣ (финал) шикаст дод.

Озил, бори аввал дар ҳайати мунтахаби Олмон дар чемпионати то 19-сола иштирок намуда, дар 11 бозӣ 4 голро ба самар расонд. Дар соли 2009 дар мунтахаби ҷавонони зери 21- солаи Олмон иштирок варзид ва Ҷоми миллатҳои Аврупоро сазовор гаштанд.

Соли 2010 барои бори аввал ба ҳайати мунтахаби калонсолони Олмон даъват шуд ва дар сабқати интихоби Ҷоми ҷаҳон иштирок намуд. Тими мунтахаб Олмон ба ин мусобиқаи бонуфуз роҳхат ёфта, ба ним ниҳоӣ расид.

Озил беҳтарин бозингар дар Ҷоми ҷаҳони 2010 номзад гашт ва соли 2011 беҳтарин бозигари сол дар Олмон эълом шуд.

Озил: футболбози қуръонхон ва пойбанд ба дин

Озил футболбозе ҳаст, ки ба мушкилҳои футбол нигоҳ накарда, рӯза медорад ва одате дорад, ки пеш аз шурӯъи ҳар бозӣ чанд оёте аз Қуръон тиловат мекунад. Ӯ мегӯяд, ки хондани сурае аз қуръон барояш нерӯ мебахшад. Ҳамкасбонаш дар тими машҳури ҷаҳонӣ «Реал» ба ин амали ӯ назари мусбат дошта, ҳангоми ибодат ба ӯ ҳеч гоҳ халал намерасонанд. Озил бо як модел ба номи Анна Мария шинос шуда, ӯро ба Ислом даъват мекунад. Марияи ғайримусалмон ба сабаби даъвати Озил мусалмон шуда, номи худро Малак мемонад.

Дар мавриди ӯ, Кристиано Роналдо, яке аз бозигарони машҳури «Реал» мегӯяд: «Озил бозии манро беҳтар гардонид. Ҳангоме ки бо футболбозони хуб бозӣ мекунӣ, фаъолиятат бештар мешавад. Озил футболисти хуб аст, бозиро хуб дарк мекунад ва дар вақти муносиб барои ҳамкасбонаш гол муҳайё мекунад.» Ногуфта намонад, ки Кристиано Роналдо дар соли 2011 дар лигаи Испания 40 гол ба самар расонда буд ва 26 голи онро бо партофт ва кумаки Озил задааст.

Дастовардҳои Озил бо тимҳои мухталиф

Бо дастаи «Вердер»:

  1. Бундуслига, ҷойи дувум дар солҳои 2007 ва 2008

  2. Ҷоми Олмон, қаҳрамон дар соли 2009

  3. Ҷоми Иттиҳоди Аврупо, ҷойи дувум дар соли 2009

Бо дастаи «Реал Мадрид»:

  1. Ҷоми Президент, қаҳрамон дар соли 2011

  2. Ҷоми Сантияго Бернабиу, қаҳрамон дар соли 2011

Бо дастаи Мунтахаби ҷавонони Олмон :

  1. Ҷоми Аврупо ҷавонон, қаҳрамон дар соли 2009

Ҳамроҳи мунтахаби авали Олмон :

  1. Ҷоми ҷаҳон, ҷойи севум, соли 2010

Дастовардҳои шахсии Озил

  1. Номзад барои тӯби тилло дар соли 2010

  2. Номзад барои беҳтарин футболбози ҷавон дар Ҷоми ҷаҳон 2010

  3. Номзад барои беҳтарин голтаёркун дар Ҷоми ҷаҳон, соли 2010

  4. Беҳтарин голтаёркунанда дар Аврупо дар соли 2011

More From Author

You May Also Like