Дар қароргоҳи марказии ҲНИТ вохӯрии раҳбари ҳизб Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонон баргузор гардид. Дар вохурӣ ибтидо раиси ҳизб дар бораи масъулияти як мусулмони мосир дар раванди ҷаҳонишавӣ суҳбат намуд. Ӯ таъкид намуд, ки барои муаррифӣ кардани чеҳраи исломӣ воқеӣ ба мардуми ҷаҳон имрӯз ҷавонон бояд бештар талош намоянд. Як ҷавони мусулмон дар дунёи имрӯз бояд бо илму дониш муҷаҳҳаз шавад ва эҳсосоти худро контрол намояд.
Инчунин раҳбари ҲНИТ таъкид намуданд, ки агарчӣ баъд аз тарҳи андешаи гуфтугӯи тамаддунҳо аз тарафи мусулмонон Ҳантигтун идеяи бархурди тамаддунҳоро матраҳ карда бошад, ҳам ҳанӯз барои гуфтугӯ ва ваҳдати тамаддунҳо умед вуҷуд дорад. Ба хусус замоне, ки тарҳи ваҳдати тамаддунҳо аз сӯи нахуствазири Туркия ва сарвазири Испания матраҳ шуд ва як сол аст, ки он идома дорад.
Баъд аз суханронӣ М. Кабирӣ ба саволҳои ҷавонон посух гуфтанд. Ба таври комил ин вохуриро метавонед дар сомонаи мо бишнавед.