Categories Uncategorized

Муйлаби хатарофаринтарин ва пурҳазинатарин дар ҷаҳон

Рӯзномаи бритонии “Индепендент” рӯзи ҷумъа 9-уми августи 2013, гузоришеро дар бораи хатарофаринтарин ва пурҳазинатарин муйлаб дар ҷаҳон, ки дорандаи он борҳо рабуда шуда ё таҳдид ба марг шуда ё муддате аз назари мардум пинҳон шуда буд, мунташир кард.

Дар ин гузориш омадааст, ки Молик Амир, як тоҷири покистонӣ, соҳиби ин муйлаби дароз бо вуҷуди ҳама мушкилоте, ки ин муйлаб барояш ба вуҷуд овардааст, рӯзона барои оростан ва мураттаб кардани он ҳудуди 30 дақиқа сарф мекунад. Ин муйлаби пурҳазина ва хатарнок аз ҳар тараф беш аз 30 см тул дорад.

Мушкилоти Молик Амир, тоҷири маъруфи покистонӣ замоне оғоз шуд, ки вай барои тиҷорати худ маҷбур шуд дар минтақаи Хайбар, воқеъ дар марзи Афғонистону Покистон сукунат кунад. Ин иқдом бо судури фармоне аз ҷунбиши “Аскарул ислом”, ки бояд мардҳо муйлабҳоро битарошанду ришҳоро баланд нигоҳ доранд, рост омад.

Аммо Молик Амир, ки муйлаби худро хело дуст дорад, ба гуфтаи гуруҳи мазкур амал накард. Ба ҳамин далел, аъзои ин гуруҳ пас аз боздошти ӯ аз вай хостанд, то моҳона ҳудуди 500 доллар дар ивази бақои муйлабаш бипардозад.

Вале ин тоҷири покистонӣ пас аз пардохти ин маблағ дар моҳи аввал, аз пардохти он дар моҳҳои дигар худдорӣ кард ва ин амр боис шуд, ки аъзои ин гуруҳ ӯро гаравгон бигиранд ва ба муддати як моҳ дар ғоре, воқеъ дар куҳистони Хайбар зиндонӣ кунанд ва пас аз тарошидани муйлабаш ӯро раҳо карданд.

Молик Амир, ки ошиқи муйлаби худ буд, барои рушди дубораи муйлабаш рӯзҳо дар Пишовар ба умеде, ки дигар ӯро касе таҳдид накунад, пинҳон шуд.

Аммо боз ҳамин гуруҳ Амирро ба далели гузоштани муҷаддади муйлаби баланд ба марг таҳдид кард.

Амир ин бор тиҷорат ва кори худро раҳо карда, бо ҳамроҳи хонаводааш ба минтақаи ҷанубӣ дар шаҳри Файсалобод дар Панҷоби Покистон ҳиҷрат кард, то шояд битавонад бо доштани муйлаби дароз ва хатарнокаш бидуни таҳдид ба марг ё пардохти ҳазинае ба зиндагии ороми худ идома диҳад.

Манбаъ: “Аларабия”

More From Author

You May Also Like