Бузургтарин масҷиди хиштии ҷаҳон дар шаҳри Ҷанна Молӣ дар ғарби Африқо қарор гирифтааст.
Масҷиди ҷоме дар шаҳри Ҷанна Молӣ бо 100 метри тӯл ва 40 метр паҳноӣ бузургтарин бинои хиштии ҷаҳон лақаб гирифтааст.
Ба гузориши хабаргузориҳо, меъмории ин масҷид ва дигар биноҳои хиштии шаҳрро ҳунармандон ва санъаткороне соҳиби малака ва маҳорат меъморӣ бар уҳда доштаанд. Тавре мегӯянд, сохту меъмори ин масҷид ва биноҳои хиштии дар ин минтақа тавре сохта шудаанд, ки ҳангоми борону боронгарӣ метавонанд ҳолат ва сифати худро нигоҳ доранд.
Лозим ба ёдоварист, ки таври гузориши хабаргузории “Ҷавон”, дар масҷиди мазкур мусалмонҳо роҳ дода намешаванд. Яъне онҳо иҷозаи вуруд ва адои маросими ибодӣ дар ин масҷидро надоранд.