Categories Ахбори рӯз

Коҳиши муҳоҷирони корӣ дар Русия

Теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия рӯ ба коҳиш овардааст, ҳамзамон қонунҳои нави пешбинишуда барои муҳоҷирони корӣ сабаби мушкилии дигар барои сафар ба ин кишвар шудааст.

Ба гузориши “tajik.irib.ir” ба далели коҳиши қимати рубли русӣ ва қонунҳои нави иқомати шаҳрвандони хориҷӣ сабаби коҳиши коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ шудааст.

Тибқи навиштаи хабаргузории мазкур, теъдоде аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки барои дарёфти шиноснома бо мақсади бозгашт ба кишвар дар назди консулгарии Тоҷииктсон дар Маскав саф гирифтаанд, ки ба хабарнигори ин нашрия гуфтаанд, ки ба далели коҳиши арзиши рубли русӣ ва пулакӣ шудани “патент”, яъне, рухсатномаи корӣ, дигар дар Русия иқомату фаъолият кардан маънӣ надорад.

Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин як коргари тоҷик, ки дар сохтумон кор мекард, ҳар моҳ то 40 ҳазор рублро ба даст меовард, ки баробар ба 1200 доллар буд. Аммо айни замон бо паст рафтани қимати рубл муҳоҷири корӣ наметавонад бо 40 ҳазор рубли моҳона фаъолият кунад, зеро он тахмин то 800 доллар арзиш дорад.

Ҳамзамон тағйиру иловаҳо бар қонуни муҳоҷират аз тарафи Хадамоти кор бо муҳоҷирони кории хориҷӣ иқомат ва зисту зиндагӣ дар Русияро барои як муҳоҷир мушкил гардондааст. Барои мисол, озмуни забони русӣ, хариди саҳмияи моҳона барои иҷозати кор, дар баробари ин пардохт карда натавонистани ширкатҳои сохтумони маоши моҳонаи муҳоҷиронро аз омилҳое ҳастанд, ки вазъи муҳоҷирони кориро дучанд мушкил кардааст.

More From Author

You May Also Like