Categories Uncategorized

Хатсайри Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе фаъол мегардад

Умед Сиддиқ

nahzat.tj


Тибқи иттилоъи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози нахустин дар хатсайри Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе шурӯъ мегардад, ва ин амал сар аз 29-уми июни соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Парвозҳо ба Деҳлӣ мунтазам рӯзҳои панҷшанбе тавассути ҳавопаймои Боинг-737 иҷро гардида, вақти парвоз аз Душанбе соати 07:30 дақиқа муқаррар гардидааст.

Инчунин хатсайри Душанбе-Кобул-Душанбе бошад, рӯзҳои сешанбе тавассути ҳавопаймои МА- 60 сурат гирифта, вақти парвоз соати 09:30 дақиқа муайян шудааст. Дар назар аст, ки парвози нахустин ба самти Кобул санаи 3-юми июл иҷро шавад.

More From Author

You May Also Like