Categories Ахбори рӯз

Маъракаи риштарошон…

Маъракаи риштарошон...Муҳиддин Ҳалимов,
фурӯшандаи молҳои рӯзгор дар ноҳияи Ваҳдат 30-уми март, тавассути телефон ба маркази
матбуотии ҲНИТ, аз он хабар дод, ки қабл
аз зуҳри имрӯз иддае аз кормандони
мақомот назди онҳо омада гуфтанд, ки “Сардор  шуморо фарёд дорад, чӣ гуфтание дорад”.

Вақте ки мо вориди
утоқи кории сардори шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ваҳдат шудем, ӯ ба мо гуфт, ин
ҷо барои шумо Афғонистон аст? Шумо нооромиро мехоҳед, равед ришҳоятонро
тарошед.

Дар посух ба ин
ки ман панҷ ҳуҷҷат дар ихтиёр дорам ва ҳамаи онҳо бо риш гирифта шудаанд,
сардор гуфт: ришатро тарош ва ҳамаи ҳуҷҷатҳоятро иваз кун. Вақте, ки гуфтам, ин
ҳама маблағро аз куҷо пайдо мекунам, сардор гуфт, ҳамчунон, ки маблағ ёфтиву
ҳуҷҷат омода кардӣ, такроран ҳамон корро анҷом деҳ! Агар хуш надорӣ аз
Тоҷикистон берун шав.

Ба ин савол, ки
оё риши шумо баланд буд? Муҳиддин Ҳалимов посӯх доданд, ки оре, ришамро тибқи суннат гузошта будам.

Номбурда афзӯд,
ҳудуди си нафар аз афроди ришдор имрӯз дар ноҳия ба чунин вазъ гирифтор буданду
ришҳояшон тарошида шуданд.

Инчунин ба гуфтаи
Муҳиддин Ҳалимов, бонувони сатрдор низ
аз тарафи мақомоти интизомӣ ба мушкилот гирифтор буданд. Сардори шӯъба инчунин
гуфтааст, фармон аз болост, қонун барои
ҳама яксонаст. Ҳамаи мо бояд дар намуди зоҳирӣ як бошем, сарфи назар аз ин ки
тоҷирем ё корманди давлатӣ! Ҳатто захми рӯят бояд намуддор бошад!

More From Author

You May Also Like