Categories Uncategorized

Ғаннушӣ хостори оштии миллӣ байни гурӯҳҳои сиёсии Тунис шуд

Рошид Ғаннушӣ, раҳбари ҷунбиши исломхоҳони наҳзати Тунис дар маросими ифтитоҳи аввалин Конгресси алании ин ҷунбиш, ки раҳбарии сегона дар Тунисро бар ӯҳда дорад, хостори таҳаққуқи оштии миллӣ байни гурӯҳҳои сиёсӣ дар ин кишвар шуд.

Ба гузориши “Форс”, ба нақл аз хабаргузории “Элоф”, Рошид Ғаннушӣ, раҳбари ҷунбиши исломхоҳони наҳзат, панҷшанбе дар маросими ифтитоҳи нӯҳумин Конгресси ин ҷунбиш дар шаҳри Алкарам, дар шимоли Тунис хостори оштии миллӣ ва тавофуқ байни гурӯҳҳои сиёсӣ дар Тунис шуд.

Ғаннушӣ дар ҷамъи беш аз 10 ҳазор тан аз ҳаводорони ин ҳизб гуфт, ки Тунис ба оштии миллӣ дар ҳукумат ниёз дорад. Вай хост, ки Наҳзати Тунис мехоҳад ҳимояти воқеъӣ аз инқилоб дошта бошад ва паёми иттиҳодро ба миллати Тунис бидиҳад, ки мо миллате якто ва дар Тунис ҳама ҷараёнҳо метавонанд дар канори якдигар зиндагии мусолиматомез дошта бошанд.

Рошид Ғаннушӣ, ки 71 сол дорад, аз соли 1991 раҳбарии ҷунбиши Наҳзатро бар ӯҳда дорад ва нозирон мӯътақиданд ва ӯро марди оштӣ байни ду гурӯҳ ва миёнарав тавсиф мекунанд.

More From Author

You May Also Like