Шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд баъд аз посух ба раиси ҳукумати ноҳияи Спитамен аз 13-уми феврал дар мавриди холӣ кардани утоқи кории бахши ҳизб дар Корхонаи фаръӣ-давлатии «кино ва видео» тасмим гирифт, ки дар заминаи мавҷуд будани унсурҳои ҷиноӣ аз сӯи А.Абдураҳмонов, раҳбари ин корхона ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиъат намояд, гуфт Илҳомҷон Ёқубов, раиси шӯъбаи вилояти ҳизб зимни сӯҳбат бо хабарнигори «Наҷот», ки чигунагии баҳси мазкурро дунболагирӣ мекунад.
Дар идомаи суҳбати хеш раиси шӯъбаи вилоятии ҳизб иқрор кард, ки шартнома бо Корхонаи «кино ва видео» ба хотири иҷора гирифтани утоқи корӣ барои бахши ноҳиявии ҳизб дар заминаи пардохти маблағи таъмири бино, ки 19.830 сомониро ташкил медиҳад, ба имзо расидааст. Ва замоне, ки шартнома ба имзо расонида шуд, ҷаноби А.Абдураҳмонов, роҳбари ин корхона ҳуқуқи иҷора доданро дошт ва салоҳияти ӯро ниҳодҳои марбута баъди 10 моҳи ба имзо расидани шатнома ва анҷоми корҳои таъмирӣ салб кардаанд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дархост кардаанд, ки гӯё шарномаи миёни намояндаҳои ҲНИТ ва корхонаи мазкур асос надорад ва бахши ҳизб бинои фарҳангиро дар ноҳияи Спитамен холӣ намояд.
Пешниҳод шудани ин дархост дар ҳоле сурат мегирад, ки дафтарии аксари бахшҳои ноҳияии ҲХДТ маҳз дар биноҳои фарҳангӣ ҷойгиранд.
Агар ин масъала бо роҳи машварату муколама бо мақомоти иҷроияи маҳалии ноҳия роҳи ҳалли хешро пайдо накунад, пас баҳси он ба суд кашида мешавад.