Categories СИЁСАТ

Нишасте, ки ба баъзе равандҳо рушанӣ меандозад

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода


Бале, рузи 10-уми май аз ҷониби Гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистон нав» конфронси изтирории матбуотӣ доир гардид. Авзоъи масъулини доиркунандаи конфоронси матбуотӣ аз он далолат медод, ки вазъияти Гурӯҳи ташаббускор хуб нест.

Аммо вақте оғози конфоронс таъхир ва баъдан бе ҳузури Зайдуллоҳ Саидов, раҳбар гурӯҳи мазкур, доир гардид, сабаби дар чунин як вазъ қарор доштани ташаббускорони конфоронси матбуотӣ ошкор гардид. Чун онро Маҳмудҷон Қосимов оғоз бахшид ва иқрор ҳам кард, ки бояд раиси гурӯҳи ташаббускор ҷаноби Зайд Саидов изҳороти ин гурӯҳро ба хабарнигорон иброз медошт. Вале ҳамагӣ 15 дақиқа қабл аз оғози нишаст ӯро барои кадом “суҳбате” ба идораи яке аз ШКД-и пойтахт бурданд. Аз ин сабаб изҳоротро Маҳмудҷон Қосимов қироъат кард, ки муҳтавои онро хабаргузориҳо ба ҳар тарзе пахш сохтанд.

Ба ҳар ҳол, дар изҳорот ба таъкид омада, ки фаъолияти хешро мутобиқ ба талаботи қонунгузории кишвар ба роҳ мондаанд ва барои баргузор сохтани анҷумани таъсисии ҳизб омодагии хешро қатъ кардани нестанд. Инчунин лоиҳаи оиннома ва барномаи ҳизбиро то баргузории анҷуман омода месозанд ва мутахассисони варзидае, ки ба ин гурӯҳ шомиланд, таҳияи чанд пешниҳодеро ба хотири такмилу тақвияти сиёсати самараноки иқтисодӣ бар уҳда доранд.

Аммо қисмати дигари изҳорот нигаронии гурӯҳро бештар ба тақдири Зайд Саидов ва дурнамои фаъолияти соҳибкории ӯ ошкор месозад, бахусус таҳдидҳои равонии мустақим ва гайримустақим ба ишонро, ки мантиқан ин ҳама корҳо танҳо ба як чиз далолат мекунанд, даст кашидан аз фаъолияти сиёсӣ. Вале боз гурӯҳи ташаббускор аз ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ хоҳиш мекунад, ки шароити беҳтареро барои фаъолияти сиёсии онҳо фароҳам бисозанд.

Дар мавриди амалиёти якбораи санҷишии анқариб тамоми идораву иншооте, ки ба фаъолияти тиҷоратии мавсуф робита доштанд, аз ҷониби мақомоти зирабти кишвар шуруъ шудааст. Ҳатто бори аввал будааст, ки Зайд Саидов мавриди кофтукови мушикофона дар фурудгоҳи кишвари дигар қарор гирифтааст ва толори Федератсиюни иттифоқҳои касабаро барои он ки анҷумани ин ҳизб баргузор нашаванд, бастаанд.

Ин амалкардҳоро гуруҳи ташаббускор тасодуфӣ намедонад. Вале барои коҳиш пайдо кардани нофаҳмиҳои элитаи сиёсии кишвар аз дидгоҳи худ ба такрор эълон медоранд, ки дар интихоботи президентӣ ширкат намекунанд ва ҳадафи онҳо ширкат дар интихоботи ояндаи парлумонист.

Акнун кор ба ҷое расид, ки алайҳи Зайд Саидов парвандаи ҷиноӣ боз кардаву хонаашро мавриди кофтуков қарор додаанд. Дар ҳоле ки эшон бо сафари корӣ дар Фаронса мебошад.

Оё ин гуна таҳаввулоти тез ва фавқулодаро аз қабл кадом доираи сиёсӣ ва таҳлилие дар даст дошт?

Фикр мекунам, на! Касе ҳадди ақал дар ин ду моҳи ахир чунин таҳаввулотро интизор надошт, пас дар воқеъ дар долонҳои ҳукумат бозиҳои дигаре ҳам ҳоло ошкорношуда боқӣ мондаанд?

Дар он ҷо эҳтимол дорад ҳар доираеро то ҷое мухолиф дар омодагириҳо ба интихоботи президентӣ доираҳои манфиатхоҳ бубинанд.

Ба ин хотир суоли матраҳ ин аст, ки доираҳои манфиатхоҳ ва бозингар дар долонҳои ҳукумат бештар аз чи чизе ҳарос дошта бошанд, аз раванди касби нуфузи Наҳзат ва ё амалкарду фишорҳои беруна, бахусус аз ҷониби Русия?

More From Author

You May Also Like