Мақомоти Бирма дар қатли оми мусалмонон даст доранд

Дидбони ҳуқуқи башар мақомоти Мянма (Бирма) – ро муттаҳам кард, ки дар хушунатҳои фирқаӣ алайҳи мусалмонони Туҳенгиё даст доштаанд.

Ба гузориши “Рейтерз”, дидбони ҳуқуқи башар дар баёнияе гуфтааст, ки мақомоти Бирма дар поксозии қавмии мусалмонони Руҳенгиё дар соли гузашта кӯмак кардаанд.

Дидбони ҳуқуқи башар афзуд, ки нируҳои амниятии Бирма мусалмонони ин минтақаро халъи силоҳ карда ва дар муқобил қатли оми кӯдакон, занону мардон дар октябри соли 2012 тавассути будоиён танҳо назорагар истода буданд.

Бо ин ҳол, дар гузориши дидбони ҳуқуқи башар омадааст, ки нируҳои амниятии Бирма дар чанд маврид барои ҷилавгирӣ аз хушунатҳо дахолат кардаанд, аммо мавқеъ ва мавзеъи бетарафона ё ҳимояткунанда алайҳи мусалмонон доштаанд.

More From Author

You May Also Like