Categories Uncategorized

Мақомот ба Ғаффоров: Аз узвияти ҲНИТ изҳори пушаймонӣ кун

Дилшод Ғаффоров, масъули хоҷагии деҳқонии «Мустафо»- и ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, ки субҳи ҷумъа 9-уми август кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, ӯро даъват ва ташвиқ кардаанд, ки дар ҷаласае аз узвияти худ дар ҲНИТ изҳори пушаймонӣ кунад.

Вақте Ғаффоров гуфтааст, имкони молии чунин амалро надорад, барояш гуфтаанд, ки харҷи сару тан ва нақлиёти ӯро бар дӯш хоҳанд гирифт.

Дар сӯҳбати телефонӣ бо Радио Озодӣ Ғаффоров ҷузъиёти зиёдеро аз ин гуфтушунид баён намуд ва гуфт, бо вуҷуди норозигии ӯ барояш дастур дода шуд, ки омодаи чунин иқдом бошад ва телефони ҳамроҳашро доим рӯшан нигоҳ дорад.

Вале раиси ноҳияи Шӯробод Амирхон Икромов ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷаласаи ноҳия аллакай баргузор шудааст ва дар рӯзҳои наздик ҳеҷ нишасти ноҳиявӣ дар нақша нест.

Вай афзуд: «Дар ноҳияи панҷ ҳизби сиёсӣ фаъолият доранд ва ҳеҷ маҳдудияту таъқиб вуҷуд надорад, ман ҳатман ин масъаларо меомӯзам, баъд натиҷаашро гап мезанам.»

Дилшод Ғаффоров, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар соли 2006, вақте ки сардори ҷамоати деҳаашон ӯро ба салафият айбдор кард, вай барои раҳоӣ «аз туҳмат» ба шуъбаи ҲНИТ дар ноҳия ариза дода, узви ин ҳизб шудааст.

Иқтибос аз матлаби “Моҷароҳо атрофи аъзои ҲНИТ”, “Озодӣ”

More From Author

You May Also Like