Ҳафтае қабл хабаре тариқи расонаҳо ба нашр расид,
ки ба қавли масъулин маҳбуси
“хатарнок”-е аз зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа фирор кардааст. Усули фирори маҳбус
филмҳои хориҷии детективиро пеши назар меорад: Маҳбус Баҳруло Шарифов пайти
муносиб ёфта, дохили боғочи мошинаи сабукрави сардори маҳбас гардида, аз зиндон
фирор кард. Худи ҳамон рӯз маҳбуси фирориро аз шаҳри Ваҳдат боздошт карданд.

Тибқи хабарҳои ахир фирори Баҳрулло аз зиндон сабаби
аз мақому мансаб барканор шудани ҳафт нафар аз масъулини зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа
гашт. Ҳамчунин додситонӣ дар ин робита парвандаи ҷиноӣ низ боз кардааст.
Бино ба гуфтаи пайвандони дигар маҳбусин, баъд аз
сурат гирифтани чунин ҳодиса, муқаррароти шадиде дар зиндон ҷорӣ шудааст ва
маҳбусин иҷозати бо пайвандон дидор карданро надоранд.