Categories Мавқеъ

Маҳмадалӣ Ҳаит дар корвони “Ило Байтулмуқаддас”

Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ ва узви тоҷикистонии корвони ҷаҳонии “Ило Байтулмуқаддас” (Ба сӯи Байтулмуқаддас), дар гуфтугӯ бо хабарнигори Форс дар бораи чигунагии пайвастан ба ин корвон гуфт: «Моҳи қабл аз тариқи интернет аз мавҷудияти ин корвон огоҳ шудем ва тасмим гирифтем, ки ба ин корвон бипайвандем, ки аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 2 нафар; ман ва Абдулқаҳори Давлат, раиси шӯъбаи алоқоти хориҷии ҲНИТ вориди Эрон шудем ва ба ин корвон пайвастем.»

Ҳаит бо ишора ба ҳаракати корвон аз Теҳрон то Туркия ва ҳузури афрод аз кишварҳои мухталиф чун Малайзия, Индонезия, Покистон, Афғонистон ва Ҳинд таъкид кард: «Дар Эрон ва Туркия истиқболи гарме аз мо карданд, ки албатта дар Туркия ҳукумат ҳамроҳии хубе бо корвон надошт, ҳарчанд гурӯҳҳои «Тойдер» ва «Мазлумдер» аз корвон ҳимоят карданд ва алон ҳам ба Лубнон расидаем.»

Муовини раиси ҲНИТ ҳузури афроди мухталиф аз кишварҳо бо фарҳангҳои мухталиф дар ин корвонро муфид хонд ва афзуд, ки дар ин сафар бо бисёре аз аъзои корвон ошноӣ ва дӯстӣ пайдо кардааст. Ӯ бо ишора ба ҳимояти ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикистон аз муборизаҳо дар Лубнон ва Фаластин тасреҳ кард: «Масъалаи Қудс ва раҳоии он масъала ва дарди ҳамаи ҷаҳониён аст.»

Ҷаноби Ҳаит афзуд: «Ҳар чанд баъзе кишварҳои исломӣ ба иллати баъзе манофеи сӯдҷӯёна аз ин масъала дур шудаанд, аммо агар мардум дар канори ҳам қарор гиранд ва корвонҳое чун ин корвон шакл гирад ва озодии Фаластинро фарёд зананд, Фаластин озод хоҳад шуд ва барои ҳамин аст, ки Исроил аз ин масъала нигарон аст.»

Дар бораи фаъолиятҳои мардуми Тоҷикистон дар ҳимоят аз Фаластин, ӯ гуфт: «Мардуми Тоҷикистон аз муборизаҳои мардуми Фаластин ва фидокориҳои онҳо огоҳ ҳастанд ва ахбори марбут ба Фаластин дар Тоҷикистон мунташир мешавад. Мо ҳарсола рӯзи Қудсро баргузор мекунем ва мардум меоянд ва шаҳидони Фаластинро ёд мекунанд ва китобҳое дар ин бора нивишта шуда аст, ки дар рӯзи Қудс низ ин китобҳо ҳадя мешаванд то мардуми Тоҷикистон бештар аз ин амр огоҳ бошанд.»

«Ҳамон тавр, ки Саъдӣ гуфтааст:

Бани Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Аз ин хотир мардуми Тоҷикистон ғамхори мардуми Фаластин ҳастанд ва бо онҳо ҳамдардӣ намуда ва аз муборизаҳои онҳо ҳимоят мекунанд.»- чунин гуфт М. Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ дар поёни мусоҳиба.

Манбаъ: http://tajik.irib.ir/tajiki/3678

More From Author

You May Also Like