Тавре маълум аст, боздошти халабонҳо як нооромии сиёсиро миёни кишвари Тоҷикистон ва Русия эҷод кардааст. Лозим ба ёдоварист, ки Русия аз кишварҳоест, ки то имрӯз муҳоҷирини кории мо барои дарёфти “қутти лоямут” дар ин кишвар ба сар мебаранд. Агар чи баъзе мушкилот ва нооромӣ пештар аз ин дар кору фаъолияти муҳоҷирони корӣ ба назар мерасид, аммо пас аз маҳкум шудани халабонҳо вазъу ҳолати кории онҳо боз ҳам бадтар гардидааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия барои дар баробари ҳамтои тоҷикаш муқовимат нишон додан, кор бо муҳоҷирини кориро оғоз намуда, то ин дам миқдоре аз мардикорони тоҷикро берун аз кишвар кардааст.
Барои мисол дирӯз 200 нафар аз муҳоҷирини кории тоҷикро Хадамоти муҳоҷирати Федератсияи Русия боздошт намудаанд. Боздошташудагон дар маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии Вазорати умури дохилии Русия (Москва №1) нигаҳдорӣ мешаванд.Нашрияи «Комерсант» навиштааст, ки онҳо ба зудди депорататсия карда мешаванд. Хадамоти муҳоҷирати федератсияи Русия гуфтааст, ки ин рейд ба муносибати сиёсии ин ду кишвар рабт надорад. Вале як нафар корманди Вазорати хориҷаи Русия ба ин нашрия гуфтааст, ки мавқеи ҷавобии Русия барои боздошти ду халабонаш аст. Дар баробари ин ояндаи муҳоҷирони кории тоҷикро дар ин кишвар чигуна тақдирбофии Русия интизор аст, номаълум.