Categories Интихобот

Қумсангир: Номзади ҲНИТ ёфт шуд, аммо маҳрум аз номзадӣ

Қумсангир: Номзади ҲНИТ ёфт шуд, аммо маҳрум аз номзадӣ

Тавре чанде пеш хабар додем, ки субҳи имрӯз 14-уми феврал Одинаев Давлат, номзади ноҳиявии
сабтиномшудаи ҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир аз ҷониби ду нафар бо либосҳои низомӣ боздошт гардида буд ва кормандони шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Қумсангир
аз ҷараёни ҳодиса изҳори беиттилоъӣ намуда буданд.

Пас аз зуҳри имрӯз, Ситоди интихоботии бахши ҲНИТ дар ноҳияи
Қумсангир дар робита ба ин мавзуъ гуфт, ки Одинаев Давлат, номзади боздоштшуда соати тақрибан 13:00 пас аз се соати боздошт аз
шуъбаи корҳои дохилаи ноҳия берун шуда, изҳор дошт, ки аризаашро барои аз
номзадӣ даст кашидан навиштааст.

Масъулини ситод гуфтанд, ки ҳамон корманди
милиса, ки ба исми Неъмат аз ӯ ёд мешудаасту аз боздошти Одинаев Давлат изҳори
беиттилоъӣ намуд, яке аз нафаронест, ки номбурдаро дастгир намуда буд.

Қаблан хабар дода будем, ки масъулини Ситоди интихоботии бахши ҲНИТ дар ноҳияи
Қумсангир гуфтанд, ки ду нафар бо либосҳои низомӣ субҳи имрӯз ба хонаи Одинаев
Давлат, воқеъ дар деҳаи Замини нав рафтанд ва ӯро дар хонааш пайдо накарданд.
Ба гуфтаи манбаъ, сипас онҳо ӯро дар роҳ пайдо мекунанду аз
сабукраваш гирифта, мебаранд.

Масъулини наҳзатӣ гуфтанд, ки барои пайдо кардани номзад
ба шуъбаи корҳои дохилаи ноҳия муроҷиат карданд, вале онҳо аз ин ҳодиса беиттолоӣ
карданд. Манбаъ он замон гуфта буд, ки масъулини наҳзатӣ дар куҷо боздошт шудани номзад Одинаев Давлат намедонанд ва аҳли хонаводаи ӯ аз ин ҳодиса сахт нигаронанд.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки инак аз 14 номзади ноҳиявӣ ва 3 номзади вилоятӣ танҳо як номзади ноҳиявӣ, ки раиси бахши ҳизб дар ноҳияи Қумсангир, Муҳаммаднабӣ Сайбурҳонов аст, боқӣ мондааст ва боқимонда бо сабабҳои мухталиф, аз ҷумла
фишору таъқиб сабти ном нашуданд.

Ситоди интихоботии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир

More From Author

You May Also Like