Categories Uncategorized

Марадона мураббии тими футболи Иморот мешавад

Пас аз изҳороти ахири як мақоми варзишӣ дар Иморот, эҳтимол раҳбари тими миллии ин кишвар тавассути Диего Марадона чеҳраи номдори Аргентина беш аз пеш қувват гирифтааст.

Ба гузориши “alarabiya”, Юсуф Ассиркол, раиси нави федератсияи футболи Иморот, рӯзи панҷшанбе гуфтааст, ки наметавон аз номи Марадона ба соддагӣ гузашт. Ӯ яке аз ашхсиятҳои матраҳ барои раҳбарии тими милли футболи Иморот аст.

Марадона роҳбарии тими “Алвасл” Имороти муттаҳидаи арабро бар ӯҳда гирифтааст ва ҳанӯз мушаххас нест, ки дар сурати қабули роҳбарӣ то кай дар ин тим сарвариро идома медиҳад.

Ин чеҳраи саршиноси ҷаҳон пеш аз ин дар изҳороте гуфтааст, ки агар пешниҳоде барои роҳбарии тими миллии Иморот дарёфт кунад, бо хушҳолӣ онро қабул хоҳад кард.

More From Author

You May Also Like