Categories Uncategorized

Ришдор шояд қабул бошад, аммо сатрпӯш не… (1)

Ҷасур Абдуллоев

Ришдор шояд қабул бошад, аммо сатрпӯш не… (2)

26 декабри соли равон, дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Каён», бо ташаббуси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мизи гирде доир гардид, ки мавзӯи он «Нақши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ» унвонгузорӣ карда шуда буд. Дар назар буд, ки дар ин мизи гирд ғайр аз баргузоркунандагонаш, яъне намояндагони ҲНИТ, ҳамчунин, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, яъне роҳбарони ташкилотҳову созмонҳои ғайридавлатӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма низ иштирок мекунанд. Чи таре ки гуфта мешуд, дар ин мизи гирд ҳудуди 80 нафар даъват шуда буданд, аммо дар толор тақрибан 40 нафар ҳузур доштанд. Ҳарчанд ки нафарони зиёди шинохта ва фаъол дар толор буданд, аммо бо ин ҳам ҳудуди 40 нафари даъватшудагон ҳузур надоштанд.

Нуфузи Кабирӣ

Мизи гирдро раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ оғоз карда, аз ҳама иштирокдорон хоҳиш намуд, ки дар баҳсҳо фаъолона иштирок кунанд ва андешаҳову пешниҳодҳои худро ироа намоянд. Кабирӣ низ шумори ками иштирокдоронро пай бурд магар, ки суханро маҳз аз ҳамин масъала оғоз кард. Ӯ гуфт, ки ин мизи гирд маҳз ба хотири ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо пешниҳоди он ташкил карда шуд, аммо бештари даъватшудагон ҳузур надоранд: «Мо ин мизи гирдро ташкил кардем, ки бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот кунем, суханони онҳоро гӯш кунем, интиқодҳояшонро шунавем, таклифҳояшонро бидонем ва барои рушди он андешаҳои худро баён намуда, назари худро низ ба масъалаҳои алоҳида иброз дорем».

Ҳамчунин, Кабирӣ таъкид кард: «Ин пешниҳод аз ҷониби худи ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш гузошта шуда буд. Мо воқеан бо ҷомеаи шаҳрвандӣ камтар робита дорем. Мо омадем то бишнавем, ки чӣ камбудӣ дорем, чӣ хатоӣ дорем ва барои бартараф кардани он шумо чӣ пешниҳод мекунед».

Ҳоло баҳсу муҳокимаронӣ оғоз нагардида, ба ин «гила»-и Кабирӣ Фаридуни Ҳуризод, ки дар паҳлӯи Кабирӣ менишаст, дарҳол посух дод ва якчанд суолро пешорӯи Кабирӣ ва аҳли толор гузошт. Ӯ гуфт: «Ин ҷо шояд айби худи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бошад? Фикр мекунам ҲНИТ бояд тавре бошад, ки даъватшудагон худ биёянд. Агар ҲНИТ ягон сухани нав, ҷолиб ва диққатҷалбкунанда гӯяд, тамоми нафарони даъватшуда меоянд ва ҳатто нафарони дигар низ таваҷҷӯҳ мекунанд. Муҳиддин Кабирӣ бисёр мусоҳиба медиҳад ва мардум медонад, ки ӯ чӣ мегӯяд. Аз ин ҷиҳат камтар таваҷҷӯҳ мекунанд. Фикр мекунам, ки нуфузи Муҳиддин Кабирӣ аз соли 2006, ки нав ба вазифаи раисии ҳизб омада буд, коҳиш ёфтааст ва рейтингаш пасттар шудааст».

Ба ин суханони Фаридун, роҳбари созмони ҷамъиятии «Перспектива+», Ойниҳол Бобоназарова зид баромада, таъкид кард, ки ҳузур надоштани бештари даъватшудагон айби ҲНИТ нест: «Ин айби мо-ҷомеаи шаҳрвандист, ки камтар таваҷҷӯҳ мекунем ва фаъол нестем. ҲНИТ кор кард, аққалан бештар аз дигар ҳизбҳо кор кард. Аммо вақте интихобот наздик мешавад, мегӯянд, ки мо кардем. Ман гумон мекунам, ки Кабирӣ нуфузашро аз даст надодааст. Ӯро дар Амрико, Олмон, Аврупо мешиносанд. Ба қавле дар хориҷ аз кишвар ҲНИТ-ро бо Кабирӣ мешиносанд».

Муҳибуллоҳи Қурбон, сармуҳаррири сомонаи интернетии ҲНИТ низ ба суханони Фаридуни Ҳуризод розӣ набуд ва ӯ пурсид, ки ин суханонро бо кадом асос мегӯяд: «Шумо аз рӯйи кадом рейтинг ин гуна хулосабарорӣ кардед? Ягон назарсанҷии расмӣ вуҷуд дорад, ки ин гуфтаи шуморо тасдиқ кунад ва ё шумо андешаи шахсии худро баён карда истодаед?»

Эҳсос мешуд, ки ин даъвои Фаридуни Ҳуризод ба намояндагони ҲНИТ, ки дар толор бисёрӣ буданд писанд наомад. Чанд нафар аз аъзоёни ҲНИТ «нуфузи Кабирӣ поён рафтааст»-ро қабул надоштанд ва эътирози худро баён карданд.

Аммо Фаридуни Ҳуризод дарҳол чанд нуктаро қайд карда, хост андешаашро исбот кунад: «Вақте Кабирӣ соли 2006, пас аз марги Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси ҲНИТ интихоб гардид, нақшаҳои худро пешниҳод карда буд. Масалан, ӯ гуфта буд, ки мехоҳад аз ҳисоби зиёиён сафи аъзоёни ҳизбро зиёд кунад, аммо бо гузашти солҳо баъзе аз ваъдаҳои Кабирӣ иҷро нашуданд. Аз ин ҷост, ки мегӯям нуфузи Кабирӣ поён рафтааст. Ман ягон назарсанҷиро пешниҳод намекунам. Ин андешаи ман аст, ки ба таҳлилҳои худам асос ёфтааст».

Журналисти русзабони тоҷик Лидия Исамова низ ба суханони Фаридуни Ҳуризод муқобил баромад ва гуфт, ки Кабирӣ ҳамеша сухани нав ва шуниданӣ мегӯяд ва ман гумон намекунам, ки нуфузи ӯ нисбат ба солҳои қаблӣ поён рафта бошад: «Барои ман, ҳамчун журналист, хондани мусоҳибаҳои Муҳиддин Кабирӣ шавқовар аст. Ӯ чизеро мегӯяд, ки касе аз мансабдорон намегӯянд».

Худи Муҳиддин Кабирӣ ба Фаридуни Ҳуризод дар ин робита чизе нагуфт ва ҳатто шарҳ ҳам талаб накард. Гӯё ӯ чизеро нашунида бошад.

Ин баҳс дар оғози ҷаласа сурат гирифт ва нафарони иштирокчӣ, аз ҷумла худи Кабириро низ ба он мӯътақид месохт, ки мизи гирд хеле пурбаҳсу андешарониҳои зиёд сурат мегирад.

Кабирӣ сухани ифтитоҳӣ ва буридаи худро, ки боиси як баҳси алоҳида гардид, идома дода, мавзӯи аслии мизи гирдро муаррифӣ кард ва пурсишҳоеро ба миён гузошт, ки бояд атрофи он андешарониҳо сурат мегирифт. Ӯ гуфт: «Оё дар Тоҷикистон воқеан ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаст? Ё мо мегӯем, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷӯҳ намекунанд, аммо худи ҳамон ҷомеаи шаҳрвандӣ нест? Оё ҷомеаи шаҳрвандӣ то кадом андоза шакл гирифтааст?»

Пасон Кабирӣ хост ҳозирин атрофи ин масъала андешаашонро баён доранд.

ҲНИТ ва Соли нав

Қабл аз оғози баҳс Муҳиддин Кабирӣ маротибаи дуюм «гила» кард, ки баъзан ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан воситаҳои ахбори омма, ба ягон мавзӯъ ё сухане, ки бояд ба таври васеъ инъикос карда шавад, ҷиддӣ таваҷҷӯҳ намекунад, аммо ягон масъала ва ё мавзӯи хурдро, ки арзиши камтар доранд, ба таври густурда инъикос менамояд: «Масалан, пешниҳоди ҷаноби Муҳибуллоҳи Қурбон чунон инъикос карда шуд, ки кас дар ҳайрат мемонад. Ростӣ, то ҳол намедонам, ки ҷаноби Муҳибуллоҳи Қурбон аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳастанд ё не. Ҳамин қадар медонам, ки ҷаноби Муҳибуллоҳи Қурбон сармуҳаррири сомонаи интернетии ҲНИТ ҳастанд. Мақолае, ки он кас навиштанд, назари шахсии он кас буд. Он мавқеи ҲНИТ-ро инъикос намекард ва намекунад. Ва он мақола ҳам танҳо характери пешниҳодӣ дошт. Яъне пешниҳоди шахсии Муҳибуллоҳи Қурбон буд. Аммо дар ВАО, махсусан ВАО-и хориҷӣ ва русзабон чунон инъикос карда шуд, ки гӯё он мавқеи ҲНИТ бошад. Гӯё ҲНИТ муқобили таҷлили Соли нави мелодӣ аст. Ҷумлаҳое аз қабили «Новобаста ба мухолифатҳои сахти исломгароёни радикал Соли нав ҷашн гирифта мешавад» истифода карда шуд ва дар ВАО-и хориҷӣ паҳн гардид. Охир ин мавқеи ҲНИТ нест. Мо расман чунин нагуфтем ва он мақола пешниҳоди як нафарест, ки сармуҳаррири сомонаи ҲНИТ асту бас. Гузашта аз ин, дар он мақола гуфта мешуд, ки ин ҷашн камхарҷ гузаронида шавад. Масалан, мо пешниҳод мекунем, ки дигар ҷашнҳо, аз қабили Иди Рамазон ё Иди Қурбон ҳам камхарҷ таҷлил карда шаванд. Ин ҷо фикр мекунам, ки ягон ҷойи ҳангома бояд набошад».

Ин суханони Кабирӣ дар робита ба мақолаи чанде пеш навиштаи сармуҳаррири сомонаи интернетии ҲНИТ мерафт. Дар он мақола ба шаҳрдори Душанбе пешниҳод мешуд, ки арчаи солинавӣ дар маркази шаҳр гузошта нашавад ва маблағи он ба нафарони эҳтиёҷманд дода шавад.

Муаллифи мақола низ дар он мизи гирд ҳузур дошт ва ӯ низ мисли Кабирӣ нороҳатии худро аз баҳсҳои атрофи мақола пайдошуда изҳор намуд. «Мақолае, ки ман навишта будам, танҳо дар хусуси як дарахт бо номи арча буд. Он ҷо ман дар хусуси Соли нав нагуфта будам. Ман дар мақолаам танҳо пешниҳод кардам, ки арчаи солинавӣ гузошта нашавад ва маблағи он ба сокинони руси аз 60-сола боло, ки ниёз ба маблағ доранд, тӯҳфа карда шавад. Аммо ин мақолаи маро таҳриф карданд ва ба таври ба худ мувофиқ пешниҳод ва маънидод намуданд. Дар рӯзномаҳои хориҷӣ, махсусан, русзабон мақолаҳое пайдо шуд, ки андешаҳои банда пурра таҳриф шуда, асли мақсад баён карда нашуда буд. Чунон маънидод карданд, ки гӯё ман муқобили ҷашнгирии Соли нав бошам. Аммо ин тавр не, ман танҳо пешниҳод кардам, ки арчаи солинавӣ гузошта нашавад. Гумон мекунам, ки ин айби ҳамон журналистоне ҳаст, ки барои расонаҳои хабарии хориҷӣ мавод мефиристанд»,-гуфт Муҳибуллоҳи Қурбон.

Бо ҳамин баҳси «Соли нав ва ҲНИТ» низ ба охир расид ва маълум гардид, ки мақсад чӣ будаву чӣ фаҳмида шудааст.

Кабирӣ, ки гардонандаи мизи гирд буд, аз мавзӯъ каме дур рафтанро эҳсос кард ва хоҳиш намуд, ки ба мавзӯи аслӣ баргарданд ва андешаҳояшонро баён намоянд. Аммо боз ҳам ба мавзӯи асосӣ таваҷҷӯҳ камтар буд. Иштирокдорон бештар мавзӯъҳоеро маираҳ мекарданд, ки аз мавзӯъ дур, аммо таваҷҷӯҳ ба он зиёдтар буд.

Давом дорад…

“Самак”

Ришдор шояд қабул бошад, аммо сатрпӯш не… (2)

More From Author

You May Also Like