Димитрий Медведов, нахуствазири Русия эълом кард, ки Русия таҳримҳои нави Амрикоро дар сурати амалӣ шудан алайҳи ин кишвар бе посух намегузорад.
Ба гузориши “Ирна”, Медведов дар сафҳаи фесубки худ навиштааст, ки Амрико аз қонуни нави зиддирусии худ барои таҳрими Русия истифода кунад, Маскав ин иқдомро бепосух нахоҳад гузошт.
Нахуствазири Русия ҳушдор дода, ки ин тасмимҳо оқибати бисёр манфӣ доранд ва Русия ҳеҷ гоҳ таслим нахоҳад шуд, ҳамзамон дар муқобил ҷавоби худр хоҳад дошт.
Ин дар ҳолест, ки тибқи навиштаи расонаҳои русӣ, Амрико ё худ Барак Обама барои ҳимоят аз Украина, таҳримҳои нав алайҳи Русияро ба имзо расонидааст.