Categories Ахбори рӯз

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкиди изҳори нигаронӣ аз афзоиши ташаннуҷи вазъият дар вилоятҳои ҷанубии ҷумҳурии бародари Қирғизистон аз тамоми тарафҳои даргир ва аз шахсони масъул даъват мекунад, ки ҳамаи кўшишро ба харҷ диҳанд, то оташи даргириҳо хомўш карда шуда, имконият барои ҳалли мусолиматомези ихтилофҳо фароҳам ояд.
Ҳамзамон изҳори боварӣ карда мешавад, ки роҳбарияти Ҳукумати муваққатии Ҷумҳурии Қирғизистон қодир мебошад, то пеши роҳи изҳороти бемасъулиятона ва иғвоангези баъзе аз аъзо ва кормандони Ҳукумати муваққатиро пешгирӣ намояд.
Ба ин муносибат Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти дирўз аз номи муовини раиси Хадамоти давлатии амнияти миллии Қирғизистон К. Байболов пахшшударо, ки гўё ҳодисаҳои Ўш марбут ба фаъолияти тахрибкоранаи гурўҳи аз Тоҷикистон омада бошанд, қотеъона рад мекунад.
Вазорат таъкид мекунад, ки қувваҳои сияҳкор ва пеш аз ҳама террористон, ватан ва миллат надоранд.
Террористон дар пойгоҳҳои берун аз минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар пойгоҳҳои «Ал-Қоида» барои гузаронидани амалиётҳои тахрибкорона тайёр карда мешаванд. Дар он пойгоҳҳо, чи тавре ки маълум аст, аз он ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо роҳҳои гуногун ҷалб карда шудаанд, ки онҳо барои гузаронидани ин ё он амалиёт ба ин ё он кишвар фиристода мешаванд.
Чунончи, чанд рўз пеш хадамоти дахлдори Тоҷикистон дар минтақаи Майхўраи шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд ду нафар террористонро безарар гардониданд, ки онҳо узви Ҳаракати Исломии Ўзбекистон, собиқ сокинони ноҳияи Исфараи Тоҷикистон буданд.
Ба ин ё он миллат мансуб будани террорист ва ё шаҳрванди ин ё он кишвар будани вай ҳаргиз аз мавқеи он кишвар ё муносибати он халқ далолат намекунад.
Тоҷикистон дар робита бо кишвари Қирғизистон ҳамеша ба муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ манфиатдор монда, хоҳони ҳарчи зудтар ба эътидол омадани вазъият ва барқарор гардидани сулҳу субот дар ин давлати дўсту бародар ва шарики муҳими худ дар минтақа аст.

More From Author

You May Also Like