Бориши жола дар маҳаллаи Меҳрободи шаҳри Душанбе ба таври ғайриоддӣ сурат гирифт. Ҳаҷми як жола аз чормағз калонтар буда, дар натиҷаи бориши зиёди жола замин сафед шуда,ба манзили бархе сокинони ин маҳалла осеб расида. Бориши жола ба шиддате буд, ки дар бархе манзилҳо шикастани шишаи тирезаҳо ба мушоҳида мерасид. Дар ҳоле, ки хабарнигори мо аз ҷойи ҳодиса дур мешуд, чанд нафар сокинони ин маҳалла аз хароб гаштани зироатҳои полизияшон хабар доданд. Замоне, ки ин хабар омода мешуд, дар маҳаллаи 82, Гипрозем ва маҳаллаҳои дигари шаҳр боридани жола дида мешуд. Дар мавриди зарари расондаи борони жолаи имрӯза мақомот ҳанӯз маълумотеро мунташир накардаанд.
Categories
Ахбори рӯз