Субҳи 12 феврали 2015
дар шаҳри Роғун Ҷобиров Алишер Раҷабович, таблиғгари номзади ҲНИТ-ро барои
таблиғ намуданаш кормандони Кумитаи амнияти шаҳр боздошт намуда, ба идораи Кумита
бурданд.
Дар ин бораи
Раҳматуллои Раҷаб, номзади ҲНИТ ба МН МО ҶТ аз ҳавзаи Файзобод №11 иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, баъди
боздошт ва пурсупоси мубаллиғи ҳизб рухсаташ доданд. Ин боздошти кормандони
Кумита дар ҳоле аст, ки таблиғгар ҳуҷҷатҳои лозима бо худ доштааст.